Музаффар Махсумов
Музаффар Нусратуллоевич Махсумов | |
Таърихи таваллуд | 18 май 1937 |
Зодгоҳ | Маскав, Русия |
Таърихи даргузашт | 19 сентябр 2013 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ахтарфизик |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Музаффар Махсумов — ахтаршинос, доктори илмҳои физикаву математика (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997).[1] Фарзанди Нусратулло Махсум.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Музаффар Нусратуллоевич Махсумов Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (1961) ва аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1965 хатм кардааст, ихтисос — «астрофизика». Директор (1978—1992), мудири шуъбаи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо (1992—2005), роҳбари гурӯҳи «Сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо»-и (2005—2011) Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ. Фаъолияташ пурра дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ Тоҷикистон гузаштааст аз 2005 то поёни умр роҳбарии гурӯҳи омӯзиши сайёраҳои пажӯҳишгоҳи номрафтаро ба зимма дошт.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: динамикаи системаи ситораҳо, физикаи галактикаҳо (масъалаҳои устуворӣ ва эволютсияи галактикаҳо). Таҳқиқоташ ба ҳаракати системаи ситораҳо дахл дошт, усулҳои назарияи кинетикии плазма ва асимтотикии лаппишҳои ғайрихаттиро дар ҳаракат ва эволютсияи системаи зарраҳо татбиқ намуда, кинетикаи ноустувории гравитасиониро дар системаи ситораҳо бар асоси таснифоти морфологии галактикаҳо омӯхтааст. Ба кашфи ноустувориҳои гравитасионӣ дар системаи ситоравии чархзананда даст ёфта, назарияи умумигардонидаи ошубҳои спиралшакли зичии ситораҳоро такмил бахшид, ноустувории қурсиҳои ситоравиро дар доираи ҳудудиашон ошкор кардааст. Теъдоди таълифоти илмиаш аз ҳафтод мегузарад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Коллективные явления в звёздных системах. — Д., 1966;
- Дифференциальные эффекты в пекулярных движениях звезд и динамика дифференциального вращающихся галактик. — Д., 1974;
- О кинетике возбуждения дрейфовых волн плотности при допплерэффекте. — Д., 1975;
- Динамика спиральных волн плотности в звёздных дисках: Дисс… доктора физ-мат. наук. — Ленинград, 1987.[2]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 324.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 май
- Зодагони соли 1937
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Маскав
- Даргузаштагони 19 сентябр
- Даргузаштагони соли 2013
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон