Мунира Обидова
Мунира Иброҳимовна Обидова | |
Таърихи таваллуд | 1964 |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011) |
Мунира Иброҳимовна Обидова (тав. 1964, шаҳри Душанбе), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1992). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011). Фарзанди академик Иброҳим Обидов
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1981–1985 дар шуъбаи педагогика ва психологияи томактабии факултети педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1985–1988 ассистенти кафедраи педагогикаи умумии Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ба номи А.С. Пушкин, 1988–1991 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд. Аз соли 1992 ҳамчун ассистент, муаллими калон ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи тарбияи томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Инчунин аз соли 2007 вазифаи муовини декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмиро ба уҳда дошт. Солҳои 2011-2014 мудири кафедраи таҳсилоти томактабии факултети педагогика, 2016-2021 декани факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Оид ба ташаккулёбӣ ва инкишофи маорифи халқ дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон (1917–1941), маълумотгирии бонувони тоҷик ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи педагогика ва психология кори илмӣ мебарад. Муаллифи 2 монография, 4 китоби дарсӣ ва МТМ барои донишҷўён, зиёда аз 50 мақолаи илмию методӣ мебошад. Хизматҳояш бо ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011) қадр карда шудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оид ба ташаккулёбӣ ва инкишофи маорифи халқ дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон (1917–1941) ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи педагогика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмию методӣ мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Становление и развитие народного образования в северных районах Таджикистана (1917–1929гг.). Д., 2004;
- Барномаи лагери тобистонаи солимгардонӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд (бо ҳаммуаллифӣ). Д., 2010.
- Асосҳои логопедия (бо ҳаммуалиф). Д., 2018;
- Бесправие и решение проблеми образованности таджикских женщин. Д., 2019;
- Салоҳиятнокӣ ва таъмини муҳити солим дар таълим. Д., 2019;
- Маълумотҳои таърихӣ оид ба таълим ва тарбияи духтарҳо. Д., 2019;
- Зуҳуроти комплексҳои психологӣ дар давраҳои гуногуни синнусолӣ. Д., 2019;
- Вазъи омода намудани психологони мактабӣ дар донишгоҳҳои педагогӣ. Д., 2020;
- Социально-исторические аспекти воспитания и обучения таджикских девочек. Д., 2020.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони соли 1964
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо