Мусиқии вокалӣ
Мусиқии вокалӣ — жанри мусиқиест, ки барои сурудан эҷод мешавад.
Нақши асосиро дар ҳама навъҳои мусиқии вокалӣ овози инсон мебозад. Мусиқии вокалӣ асарҳое дохил мешаванд, ки барои яккахонӣ ё хониши бисёровоза, ансамбл, хор, каппела офарида шуда, бо ҳамовозии созҳои мусиқӣ ва бе иштироки он иҷро мегардад. Мусиқии вокалиро ба жанрҳои зерин ҷудо мекунанд: камеравӣ (романс, суруд, ансамблҳои вокалӣ бо ҷӯршавии фортепиано ва якчанд сози мусиқӣ); кантатавӣ, ораториявӣ, вокалӣ-симфонӣ ва операвӣ. Ғайр аз ин қисми таркиби онро мусиқии анъанавии халқиву классикӣ ташкил медиҳад ва бо шеър алоқаи мустаҳкам дорад (ғайри вокализ – суруди бематн).
Инчунин ба мусиқии вокалӣ суруду таронаҳои классикии «Шашмақом», «Дувоздаҳмақом», «Фалакӣ» ва аксар сурудҳои халқӣ дохил мешаванд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 243 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)