Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мушхор (ҷинси рустанӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мушхор (ҷинси рустанӣ)
Таснифи илмӣ
Салтанат:
Зероила:
Carduoideae
Триба:
Cardueae
Зертриба:
Carduinae
Ҷинс:
Мушхор
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Мушхор, ё парамбарг[1] (лот. Árctium) — як ҷинси рустаниҳои алафии дусолаест аз оилаи мураккабгулҳо.

Номи лотинии Arctium аз номи юнонии лотинишудаи мушхор — юн. arcion, ё arceion[2], ё arktion[3] баромада, ки нахустин бор онро Диоскорид ишора кардааст.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барги калон-калони найчашакли дуҷинсаи бештар қирмизӣ дорад.

Бино бар иттилооти пойгоҳи додаҳои The Plant List, ҷинс 19 намудро дар бар мегирад[4]:

11 намудаш дар минтақаҳои мӯътадили Авруосиё паҳн шудааст. Дар кишварҳои пасошӯравӣ 8 намудаш бештар дар наздикиҳои манзилгоҳ, ҷойҳои хокрӯбаю харобазор, лаби роҳ, полиз ва ғайра месабзад. Дар Тоҷикистон 2 намуди мушхор (Arctium majus; нигаред расм ва Arctium leptophyllum) дар боғу ҷойҳои сернам, қад-қади ҷӯйбор, гирду атрофи Душанбе ва дар кӯҳҳои Муғул, Зарафшон, қаторкӯхҳои Ҳисор месабзад.

Хосияти шифоӣ

Ҷӯшоби решаи Arctium majus инчунин, кислотаҳои органикӣ, равгани эфир ва моддаҳои дигар дорад. Вай чун моддаи пешоброн, арақовар ва шарбаташ бо равғани бодом ё зайтун барои мустаҳкамкунии мӯй истифода мешавад. Ҷӯшоб ва хамираи решаи мушхорро барои муолиҷаи тарбод. ниқрис ва бемориҳои пӯст истифода мебаранд. Тухми мушхор то 15—20% равған дорад.

Эзоҳ

  1. 1 2 Баҳси вожаи парамбарг(тоҷ.). Гурӯҳи Зодгоҳ — оғозгоҳи Ватан дар Фейсбук. (30 май 2017). 22 июли 2017 санҷида шуд.
  2. Юзепчук С. В., Сергиевская Е. В. Лопух — Arctium // Флора СССР / Ботанический институт имени В. Л. Комарова Академии наук СССР; Начато под руководством и под главной редакцией акад. В. Л. Комарова; Редакторы тома Б. К. Шишкин и Е. Г. Бобров. — М.—Л.: Изд-во Академии наук СССР, 1962. — Т. XXVII. — С. 93—107.
  3. Ботанико-фармакогностический словарь: Справ. пособие / К. Ф. Блинова, Н. А. Борисова, Г. Б. Гортинский и др.; Под ред. К. Ф. Блиновой, Г. П. Яковлева. М.: Высш. шк., 1990. — С. 207. ISBN 5-06000085-0. Бойгонӣ шудааст 20 апрели 2014  сол.
  4. Arctium(англ.). The Plant List. Version 1.1. (2013). 7 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 сентябри 2017.
  5. NCU-3e. Names in current use for extant plant genera. Electronic version 1.0. Entry for Arctium L. v

Адабиёт

  • Атлас лекарственных растений Союза Советских Социалистических Республик. Москва, 1962;
  • Комаров В. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Душанбе, 1967.

Сарчашма