Jump to content

Муяссар Рафиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муяссар Рафиева
Рафиева Муяссар Ғаффуровна
Таърихи таваллуд 23 июл 1953(1953-07-23) (71 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1975)

Муяссар Ғаффуровна Рафиева (тав. 23 июли 1953, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — биолог, номзади илмҳои биологӣ (1984), дотсент (1987).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1970—1975 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1977—1978 ассистенти кафедраи физиологияи рустаниҳои донишгоҳи мазкур буд. Солҳои 1978—1984 аз рӯи ихтисоси физиологияи рустаниҳо дар аспирантура таҳсил кардааст. Солҳои 1983—1984 лаборанти калони Маркази ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1984—1995 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 40 асару мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар масъалаҳои омӯзиши оромии тухми зироатҳои меваашон чормағз ва муайян намудани хусусиятҳои физиологии пухтарасии тухми пахта корҳои илмиву тадқиқотӣ бурдааст.