Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Муқаддас Шарифиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муқаддас Эгамбердиева)
Муқаддас Шарифиён
Муқаддас Холиқзода Шарифиён (Эгамбердиева)
Таърихи таваллуд 16 июн 1982(1982-06-16) (43 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Муқаддас Холиқзода Шарифиён (Эгамбердиева) (тав. 16.06.1982 ) ноҳияи Ғафуров , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2007 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хатм кардааст.Ихтисос омӯзгори синфҳои ибтидоӣ.

  • Солҳои 1999-2001 - Ёрдамчии мураббии боғчаи бачагонаи № 20 - и шаҳри Хуҷанд.
  • Солҳои 2001-2007 - Мураббии боғчаи бачагонаи № 20 – и шаҳри Хуҷанд.
  • Солҳои 2008 - 2012 - Ассистенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
  • Солҳои 2012-2015 - Омӯзгори кафедраи кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.
  • Солҳои 2015 – 2016 - Сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими ибтидоии факултети педагогии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.
  • Солҳои 2016 - 2017 - сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими ибтидоии факултети педагогии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.
  • Солҳои 2017-2019 - муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети педагогии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.
  • аз 06.2019 то 09.2025 - декани факултети Психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
  • аз 09.2025 то ҳол Ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон[1]