Муҳаббат Қосимов
Муҳаббат Қосимов | |
Таърихи таваллуд | 7 май 1938 (86 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Сариосиё, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Вазорати маорифи Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи халқи ИҶШС», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» |
Муҳаббат Қосимов (тав. 7.05.1938, ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи ҶШС Ӯзбекистон), номзади илмҳои педагогӣ, дотсент (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1958–1959 муаллими мактаби №3 ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон, 1959–1963 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе, 1964–1969 инспектори Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1969– 1972 аспиранти кафедраи педагогика, 1972–1973 муаллими калони кафедраи педагогика, 1973–1980 дотсент ва декани факултети педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе, 1970–1980 директори филиали Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко дар ш. Қурғонтеппа, 1980–1988 муаллими калони кафедраи педагогикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1988–1998 ходими калони илмӣ ва мудири лабораторияи педагогикаи Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон буд. Аз соли 1998 ҳамчун дотсенти коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев кор кардааст. Бо ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» қадр карда шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 7 май
- Зодагони соли 1938
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Сариосиё
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон