Муҳамадшо Куканиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳамадшо Куканиев
Муҳамадшо Аҳмадович Куканиев
Таърихи таваллуд 1960(1960)
Таърихи даргузашт 24 октябр 2012(2012-10-24) (52 сол)
Фазои илмӣ олим
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия[d] (1997)
Алма-матер

Муҳамадшо Куканиев — доктори илми химия (1997). профессор (2001). Узви вобастаи АИ ҶТ (2004).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳамадшо Куканиев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1983), ихтисос – «химия». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ, маводи фаъоли биологӣ, маводи табиии органикие, ки дар таркиби рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон мавҷуданд, фаъолнокии адсорбсиониву каталитикаи гилҳои бентонитии Тоҷикистон, таҳқиқи нафти қисмати ҷануби Тоҷикистон. Ходими хурд ва калони илмӣ (1986-1996), мудири озмоишгоҳи пайвастагиҳои гетеросиклии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои ҶТ (1996 – то имрӯз).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бо ордени «Шараф» тақдир шудааст (2003).

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.