Муҳаммадраббӣ Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муҳаммадрабӣ Исмоилов)
Муҳаммадраббӣ Исмоилов
Исмоилов Маҳмадраббӣ Гурезович
Таърихи таваллуд: 7 феврал 1980(1980-02-07) (42 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: коргардони филм

Муҳаммадраббии Исмоил (Исмоилов Муҳаммадраббӣ Гурезович; зод. 7 феврали 1980, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон) — коргардони филм. Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадраббии Исмоил 7 феврали соли 1980 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба дунё омадааст. Соли 1997 мактаби миёнаи № 43 ҷамоати Сарикиштии ҳамин ноҳия ва соли 2001 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро аз рӯи ихтисоси коргардони телевизион ва радио ба итмом расонидаст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми донишгоҳ, ҳамон сол ба Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси ёвари коргардон ба кор шурӯъ кард. То соли 2006 дар идораҳои иқтисодӣ ва «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун коргардони дараҷаи 1 кор кардааст. Соли 2006 ба телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон ба ҳайси саркоргардон даъват шуда, соли 2010 ба ТВ Сафина мегузарад ва дар идораи «Эҷод» ба сифати саркоргардон фаъолият мекунад. Аз соли 2016 то ҳол Саркоргардони ТВ Синамо мебошад.

Филмҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Филмҳои бадеӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Иштибоҳ», «СМТ», 2008
  • «Сазои вафо», СМТ", 2009
  • «Эҳзон», ТВ Сафина, 2010
  • «Сенздаҳ солу се моҳ» ТВ Сафина, 2011
  • «Доғ», ТВ Сафина, 2012
  • «Сарнавишт», ТВ Сафина, 2013
  • «Фасли рӯъё», ТВ Сафина, 2014
  • «Муфаттиш», ТВ Сафина, 2015
  • «Проектор», ТВ Синамо, 2016
  • «Бозии тақдир», ТВ Синамо, 2018
  • «Дурахши алмос»,ТВ Синамо, 2020
  • «Охирин сайди сайёд», Тоҷикфилм, 2021[1]

Ширкат дар ҷашнвораҳои синамоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Иштирокдори Ҷашновари байнулмилалии филми Душанбе — «Дидор»,: 2008, 2010, 2012, 2014, 2016, 2018.
  • Иштирокдори 6-умин Ҷашновари байнулмилалии филми ИДМ, Балтика ва Гурҷистон «Қирғизистон сарзамини филмҳои кӯтоҳ», 2016.
  • Иштирокчии кушодашавии 30-умин Ҷашновари байнулмилалии филми Анапа «Киношок», 2021.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷоизадори беҳтарин кори коргардонӣ дар маросими ҷоизасупории «Беҳтаринҳо» аз Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», соли 2017.
  • Ҷоизадори озмуни ТЭФИ — Академияи умумирусиягии телевизион, соли 2014 (шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон) барои филми телевизионии «Сиришт» дар бораи камонвар, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Зебуниссо Рустамова.
  • Барандаи ҷоизаи «ТОП-50» «Барои саҳми арзанда дар рушди ҷомеа», соли 2018.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Нахустнамоиши филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд». Тоҷикфилм. 21 феврали 2022 санҷида шуд.