ТВ Синамо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Синамо
Шабакаи телевизионии «Синамо»
Мамлакат Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Минтақаи пахш Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Парчами Замин Замин
Замони пахш шабонарӯзӣ
Забон асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ
Маркази идоракунӣ Душанбе, Тоҷикистон
Оғоз 1 марти соли 2016
Бинандагон тақрибан 20 миллион аз тамоми ҷаҳон
Асосгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Молик Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва телевизиони «Синамо»
Роҳбарон Набӣ Набизода
Каналҳои хоҳар Парчами Тоҷикистон ТВ Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистон ТВ Сафина
Парчами Тоҷикистон ТВ Баҳористон
Парчами Тоҷикистон Варзиш ТВ
Парчами Тоҷикистон ТВ Футбол
Парчами Тоҷикистон ТВ Ҷаҳоннамо
Сайт sinamo.tv

Синамо — шабакаи телевизионии давлатӣ, умумимиллии Тоҷикистон. Пахши шабакаи телевизионӣ аз 1 марти соли 2016, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон аст идома дорад. Дар кишварҳои дигар шабакаи телевизионӣ тавассути телевизиони ноқилӣ ва интернет дастрас аст.

Мақсад ва вазифаҳои асосии телевизиони «Синамо»: Таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо филмҳои гуногунжанри миллӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии кино, гузаронидани кинофестивалҳо. Иштирок дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии киноматографистон, тайёр намудани мутахассисони соҳа. Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ҳамчунин ҷиҳати рушди минбаъдаи кинои миллӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба кино, бедор кардани шавқи устувор ба ин намуди санъат, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори тарбиявӣ чорабиниҳои мушаххасро амалӣ хоҳал гардонд.

Эфири шабакаро филмҳои гуногунжанр, чӣ хориҷӣ ва ҳам истеҳсоли Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Забони асосии шабакаи телевизионӣ — тоҷикӣ, як қисми филмҳо ҳамчунин ба забони русӣ намоиш дода мешаванд.

Дар телевизиони «Синамо» чор шуъбаи эҷодӣ — шуъбаи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ, шуъбаи филмҳои миллӣ, шуъбаи филмҳои тасвирӣ, шуъбаи филмҳои хориҷӣ ва дубляж таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои оинномавии телевизион таҳия ва дубляжи филмҳои гуногунжанр аст ва дар сеткаи пахши барномаҳо низ ба ин самти фаъолияти муассиса афзалият дода шудааст.

Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» — Набӣ Набизода (аз 28 ноябри 2015) мебошад.[1]

Шумораи умумии бинандагони шабакаи телевизионӣ тақрибан 20 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Аз онҳо қариб 9 миллион нафар ба Тоҷикистон рост меояд, боқимонда бинандагони шабакаи телевизионӣ дар Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА зиндагӣ мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳи беруна[вироиш | вироиши манбаъ]