Jump to content

Муҳаммадюсуф Имомзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муҳаммадюсуф Имомов)
Муҳаммадюсуф Имомзода
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ
24 январи 2020 — 21 феврали 2022
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Нуриддин Саидов
Ҷонишин Раҳимҷон Саидзода

Таваллуд 28 апрел 1959(1959-04-28) (65 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Имомов Маҳамаисуф Сайдалиевич
Таҳсилот Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои филология
Унвони илмӣ профессор
Фаъолият филология
Ҷоизаҳо Ордени Дӯстӣ — 2011
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Россия.
Ҷойҳои кор

Муҳаммадюсуф Имомзода (Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ; 28 апрели 1959, шаҳраки Совет, ноҳияи Совет, ҶШС Тоҷикистон[1]) — ходими давлатӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014)[2], узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот (Оксфорд, Англия). Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020—2022).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадюсуф Саидалӣ Имомзода 28 апрели соли 1959 таваллуд ёфта, соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Соли 1990 ӯ дар мавзӯъи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1981—1984 — лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 1984—1985 — муҳақиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба номи М. Горкийи Академияи илмҳои Иттиҳоди шӯравӣ;
  • 1985—1991 — аспирант, ходими хурди илмии забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 1991—1999 — лаборант, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 1999—2004 — декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 2004—2012 — ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон;
  • 2012—2020 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 2020—2022 — вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон[3][4].

Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[5]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадюсуф Имомзода соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докториро бо муваффакият дифоъ менамояд. Муҳаммадюсуф Имомзода муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмию методӣ дар масъалаҳои актуалии адабиёти тоҷик мебошад.

Осори илмию методии профессор Муҳаммадюсуф Имомзода аз қабили «Масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик» (1998), «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001) ба масъалаҳои мубрами улуми филологӣ бахшида шудаанд.

Бо ташаббуси ин муҳаққиқ дар адабиётшиносии муосири тоҷик самти нави илмии марбут ба масоили поэтикаи наср дар асоси таҳқиқ ва пажӯҳиши осори насрии адабиёти муосир бунёнгузорӣ шуд. Таҳти сарварии ӯ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои докторӣ ва 13 нафар рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд.

Муаллифи монография ва маҷмӯаи мақолоти илмии «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ», «Маънавият ва нақши зоҳир», «Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ», «Хирмани андеша» ва ғайра мебошад.

Бо ордени «Дӯстӣ» ва мукофотҳои соҳавии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Русия сарфароз гардонида шудааст.

  1. «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011. — 386 стр.. 28 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2015.
  2. http://www.ozodagon.com/18834-prezident-akbar-tursun-va-5-nafari-digar-akademik-shudand.html Бойгонӣ шудааст 6 сентябри 2015  сол. Президент, Акбар Турсун ва 5 нафари дигар академик шуданд, 15 ноябр 2014
  3. Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Имомзода М. С.. president.tj. 24 Январ 2020 санҷида шуд.
  4. Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М. С.. president.tj (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
  5. [http://majmilli.tj/0033-2/ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ Ҳабибулло](тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.