Муҳаммадҷон Шодӣ
Муҳаммадҷон Шодиев | |
| |
Таърихи таваллуд: | 5 январ 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ашт, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, садогузор |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0794693 |
Муҳаммадҷон Шодӣ (Муҳаммадҷон Шодиев; зод. 5 январи 1954, ноҳияи Ашт, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2016).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадҷон Шодиев 5 январи соли 1954 дар деҳаи Сарои ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм мекунад. Алакай, дар замони донишҷӯӣ бо садои марғуладори хоси ровиёни мард шуҳратманд гардида буд. Дар солҳои 1977—1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград барандаи озмуни ровиён гардидааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориашро дар театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова оғоз мекунад. Бо гузашти 60 соли умр, ки нисфи он дар рӯи саҳнаи ҳунар сипарӣ шудааст, дар дафтарчаи кории ӯ зиёд ҷойи корро намебинед. Соли 1984 Муҳаммадҷон Шодиев бо даъвати роҳбарияти ҳамонвақтаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба шаҳри Душанбе ба кор меояд. Аз он замон то ба имрӯз Муҳаммадҷон Шодиев дар театри Лоҳутӣ фаъолият дорад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ин муддат ӯ дар театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст. Тамошобини театри мазкур на як бору ду бор барои нақшҳои ӯ Борбад аз «Ғуруби Аҷам», Хизирхон аз «Фарёди ишқ», Азиз аз «Дуел», Балъамӣ аз «Шоҳ Исмоил», Гурдуй аз «Баҳроми Чӯбина», Қодирқул аз «Бой ва хидматгор», Шариф Исматӣ аз «Имтиҳон», Мавлавӣ аз «Офати нафс», Тибалт аз «Ромео ва Чулетто», Боҳуй аз «Куштори як саду чордаҳ шоҳзодаи Хахоманиш», Дералд аз «Бемори хаёлӣ»-и Малер, Виштосп аз «Зардушт», Сарлашкар аз «Искандар ва Спитамен», Ҳокими шаҳр аз «Сиёҳу сафед»- и Сартр, падари Куруш аз «Куруш ва Томирис», нақши соҳиби меҳмонҳона аз «Хизматгори ду хоҷа», вазир Балъамӣ аз «Рудакӣ» ва дигарон каф кӯбидааст. Нақшҳои офаридааш дар саҳнаи театру кино бояд аз зовияи касбӣ аз ҷониби ҳунаршиносон баҳо дода шаванд.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар синамо низ на танҳо дар миқёси Тоҷикистон балки дар хориҷ аз маҳбуб гардидаанд. Анор аз «Парвози занбӯр»- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз «Муҳоҷир»- и Собит Ал Валӣ, директори мактаб аз «Маҳдӣ», Устод аз «Шамсиддини Шоҳин», Озар аз «Муҳити 44-46», Нозимӣ аз силсилафилми «Дар орзуи падар» аз зумраи нақшҳои синамоии ӯ мебошанд. Силсилафилмҳои «Маҳдӣ» ва «Дар орзуи падар», ки Муҳаммадҷон Шодиев дар онҳо нақши асосиро бозидааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ гарм истиқбол шудаанд. Дар ин миён кам нест, филму саҳнаҳое, ки дар он нақш офаридааст дар саҳнаҳову фестивалҳои ҷаҳонӣ ба намоиш нагузошта бошанд.
Садопешагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Зимнан, бо садои ӯ мероси адабии классикон ва осори адибони имрӯз дар Радиои Тоҷикистон сабт шудаву дар хазинаи тилоии радио маҳфуз мебошад.
Коргардонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тирамоҳи соли 2013 дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоише бо номи «Муҳаббат» бо коргардонии Муҳаммадҷон Шодиев ба саҳна гузошта шуд. Коргардонӣ пахлӯи нави эҷодиёти ӯро дар бар мегирад.
Феълан, бар иловаи корҳои эҷодӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият намуда, ба шогирдон маҳорати актиёрӣ ва нутқи саҳнавиро меомӯзад.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадҷон Шодиев, оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст[1].
Муҳаммадҷон моҳи августи соли 2020 ба бемории COVID-19 гирифтор шуд, ки бемориро мағлуб намуд[2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005),
- медали «Барои хидмати шоиста»,
- Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2016).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муҳаммадҷон Шодиев. www.tojnews.org. TojNews (2016). 4 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.
- ↑ Муҳаммадҷон Шодӣ аз бемористон мураххас шуд(тоҷ.). Sputnik-tj.com. 15 сентябри 2020 санҷида шуд.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 5 январ
- Зодагони соли 1954
- Зодагони ноҳияи Ашт
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешагон аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон