Муҳаммадҷон Шоев
Зодгоҳ | , ҶШС Тоҷикистон |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Муҳаммадҷон Ҷумаевич Шоев — биологи тоҷик, номзади илмҳои биология, профессор.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадҷон Шоев пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 1994 дар кафедра ҳамчун мутахассиси соҳаи ҷонваршиносӣ корро оғоз намудааст. Пас аз хатми аспирантура соли 1999 аз фанни зоологияи бесутунмуҳрадорон дарс мегуяд. Аз соли 2000 то 2005 ва аз соли 2007 то соли 2012 дар вазифаҳои гуногуни хизматчии давлатӣ кору фаъолият намудааст. Дар шаҳри Ваҳдат роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр ва дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири кумитаи аграрӣ, сипас муовини мудири шуъбаи назорат ва Муовини мудири шуъбаи қабули шаҳрвандони Дастгоҳи (Мн МОҶТ) фаъолият намуда, ҳамзамон дар факултет дар ҳаҷми 0,5 ҳиссаи кори фаъолият мекард. Аз соли 2006 то соли 2010 сардори лагери таҷрибаомӯзии саҳроии «Такоб»-ро ба уҳда дошт. Ў дар обод намудан ва шароити беҳтар намудани донишҷӯён дар пойгоҳи Такоб саҳми калон дорад. Зиёда аз 50 фишурдаи мақолаҳои илмӣ ва се китоби дарсӣ бо ҳаммуалифии устодон ва як монография ба нашр расонидааст. Устод Шоев М.Ҷ. моҳи декабри соли 2011 рисолаи номзадии хешро дар мавзуӣ: «Гамбускҳои осебрасони дарахту бутаҳои Ҷанубу-Шарқи Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Дотсент Шоев М.Ҷ. аз моҳи марти соли 2014 то ҳол дар вазифаи мудири кафедра фаъолият намуда истодааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедраи зоология, Шоев Муҳаммадҷон Ҷумаевич(тоҷ.). www.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2020.
- ↑ Кафедраи зоология, Шоев Муҳаммадҷон Ҷумаевич(тоҷ.). www.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2020.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |