Муҳаммад Болтаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Болтаев
Муҳаммад Назарович Болтаев
Таърихи таваллуд: 28 октябр 1928(1928-10-28)
Зодгоҳ: Бухоро , ҶШС Узбекистон
Таърихи даргузашт: 2011(2011)
Маҳалли даргузашт: Бухоро
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: фалсафа
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ҶШС Тоҷикистон Институти давлатии педагогии Қаршӣ, Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро ҶШС Узбекистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Институти педагогии шаҳри Бухоро

Муҳаммад Назарович Болтаев (28.10.1928, шаҳри Бухоро – 2011, ҳамон ҷо), доктори илми фалсафа (1968), профессор (1970).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1950 Институти педагогии шаҳри Бухороро ба поин оварда, чанде дар Омӯзишгоҳи педагогӣ ва кумитаи комсомолии ҳамин шаҳр заҳмат кашидааст. Солҳои 1951-1954 аспирант, 1954-1968 муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1968-1974 мудири ҳамин кафедра буд. Аз соли 1975 фаъолияташ дар Узбекистон ҷараён гирифтааст, вазифаҳои профессори Институти такмили ихтисоси муаллимони Узбекистон (1975-1977), ректори Институти давлатии педагогии Қаршӣ (1977-1986), мудири кафедраи фалсафаи Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро (1986-2011) адо намудааст. Аз аввалин файласуфони тоҷик аст, ки масоили назарияи маърифати Ҳаким Ибни Сино ва шогирдону пайравонашро ҷиддан думболагирӣ ва мактаби фалсафии машшоъро мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дод. Ковиши илмиаш бобати афкори маънавию ахлоқии мутафаккирони Шарқи асрҳои миёна, андешаҳои намояндагони тасаввуф ва ғайра қобили қайд аст. Китоби дарсии таълифнамудааш «Мантиқ» беш аз ним аср ба донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон хидмат мерасонад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Озодфикрии мутафаккирони Осиёи Миёна. – Сталинобод, 1958; Материя ва шуур. – Сталинобод, 1958; Рӯза ва баъзе дигар хурофоти дини ислом. – Сталинобод, 1959; Назарияи дониш. – Сталинобод, 1960; Некоторые вопросы гнесологии и логики в произведениях Ибн Сины и его школы. – Д., 1965; Ибни Сино. – Д., 1972; Ақидаҳои фалсафии Абӯалӣ ибни Сино. – Д., 1969; Материя ва шаклҳои мавҷудияти он. – Д., 1971; Роли оммаи халқ ва шахс дар таърих. – Д., 1972 (ҳаммуаллиф); Абуали ибн Сина – великий мыслитель, ученый, энциклопедист сред-неввекового Востока. – Ташкент, 1980; Политическое воспитание молодежи в условиях развитого социализма. – Ташкент, 1981; Ибн Сина – выдающийся философ средневековья. – М., 1983; Материализми диалектикӣ. – Д., 1974 (ҳаммуаллиф); Мораль сегодня: учимся, спорим, размышляем. – М., 1988.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 111.