Муҳаммад Фатҳуллоҳ Гюлен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳоҷа Эфендӣ
Муҳаммад Фатҳуллоҳ Гюлен
Fetullahgulen.png
Санаи таваллуд:

27 апрели соли 1941

Зодгоҳ:

деҳаи Коруҷуки вилояти Эрзуруми Ҷумҳурии Туркия

Мамлакат:

Lua error in Модул:Wikidata/Places at line 467: attempt to concatenate a nil value.

Фазои илмӣ:

олим,мутафаккир

Commons-logo.svg Ҳоҷа Эфендӣ дар Викианбор

Фатҳуллоҳ Гюлен (тавал. 27 апрели соли 1941)[1] — мутафаккир, олим, собиқ имомхатиби давлатӣ, муаллифи асарҳои зиёд ва яке аз чеҳраҳои бонуфузи дунёи муосир. Ӯ дар деҳаи Коруҷуки вилояти Эрзуруми Ҷумҳурии Туркия ба дунё омадааст. Падараш Ромиз Гюлен ва модараш Рафиъа Гюлен мебошанд. Аввалин таълимоти диниро Гюлен дар назди модар, падар ва модаркалонаш Муниса-хонум мегирад. Баъдан барои итмом ва икмоли дониш дар назди мударрис ва олимони маъруф ва тақводори Туркия ба монанди [2] сабақ мегирад. Гюлен аллакай аз ҳамон синну сол бо заковатмандӣ ва ҳушёрияш диққати омӯзгорон ва мударрсионро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамчунин Гюлен аз даврони наврасияш ба омӯзиши илмҳои дунявӣ завқи зиёд пайдо мекунад. Фатҳуллоҳ Гюлен соли 1998 бо мақсади табобат ба ИМА меравад. Ҳоло дар Сейлорсбурги иёлоти Пенсилванияи ИМА ҳаёт ба сар мебарад.

Шахсияти Фатҳуллоҳ Гюлен[вироиш]

Фатҳуллоҳ Гюлен аз синни 18-солагӣ ба ҳайси имомхатиби расмӣ дар масҷидҳои гуногуни Туркия адои вазифа мекунад. Ҷомеаи Туркия нисбати шахсияти Гюлен ҳамчун имоми ғайримуқаррарӣ алоқаи зиёд пайдо мекунад. Зеро Гюлен ҳини мавзӯъҳояш ҳақиқатҳои шаръиро ба мардум бо лаҳни сода шарҳ дода, бо кашфиётҳои илмӣ тақвия медод. Ӯ атрофи мавзӯъҳои актуалии ҷомеаву ҷаҳон суҳбат карда, мақоми исломи нобро дар ин раванд таъкид мекард. Дар радифи мушкилоти ҷомеаи муосир аз ҳаёти Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с), саҳобагон ва бузургону олимони гузаштаи дини мубин мисолҳо оварда, роҳи дурусти ҳалро аз он сарчашма меҷӯяд. Гюлен дар мавзӯъҳояш мардумро ба илмомӯзиву сохтани муасссисаҳои таълимӣ ташвиқ мекард. Ҷиҳати ҷолиби шахсияташ ин аст, ки вақто дар он замон имомхатибон ҷомеаро ба масҷидсозӣ ташвиқ мекарданд, Гюлен таваҷҷуҳи мардуми туркро бештар ба тарбия ва таҳсили толибилмон дар раванди омӯзиши илмҳои дақиқ, санъат, фарҳангшиносӣ, таърих, ҷомеашиносиву ҳикматомӯзӣ, эҳтиром нисбат ба арзишҳои байналмиллалӣ равона мекунад. Дар як муддати кӯтоҳ Гюлен маҳбуби ҳам мардуми Туркия ва ҳам оламиён гардид. Ин аст, ки таълимоти Гюлен дар Амрико, Аврупо, Олами араб, Африқо, Ховари Миёна, Осиё ва Шарқи дуру наздик ҷонибдорони зиёдеро пайдо кард.

Мақоми байналмилалии Фатҳуллоҳ Гюлен[вироиш]

  • 18.04.1996 - Ассотсиатсиаи соҳибкорон ва саноаткорони турк ба Фатҳуллоҳ Гюлен ҷоизаи «Шахсияти сол»[3]-ро барои саҳмгузорӣ дар таҳаммулпазирӣ тақдим намуд;
  • 01.11.2004 - Ташкилоти Руҳонияти Қирғизистон ба Фатҳуллоҳ Гюлен барои фаъолият дар соҳаи маориф, саҳмгузорӣ дар истиқрори сулҳи байналмилал ҷоизаи «Таҳаммулпазирӣ ва сулҳ»[4]-ро тақдим намуд;
  • 25.10.2005 - Ҷоизаи UNESCO барои «Саҳмгузорӣ дар таҳаммулпазирӣ ва Диалог»[5];
  • 23.06.2008 - Бинобар пурсиши маҷаллаи «Foreign Policy»[6] Фатҳуллоҳ Гюлен миёни 100 мутафаккири муосир дар мақоми аввал интихоб шудааст;
  • 16.07.2010 - Ба Фатҳуллоҳ Гюлен аз ҷониби Донишгоҳи британии Leeds Metropolitan унвони Дуктури фахрӣ дода мешавад;[7]
  • 11.05.2011 - Фатҳуллоҳ Гюлен аз ҷониби Институти амрикоии East-West (EWI) бо «Ҷоизаи сулҳ» сарфароз мегардад;[8]
  • Фатҳуллоҳ Гюлен соли 1994 ҳамчун Роҳбари фахрии Ассотсиатсияи рӯзноманигорон ва нависандагони Туркия интихоб мешавад ва то ба имрӯз дар ин мақом қарор дорад[9].
  • Ҳамчунин соли 2013 дар миёни 500 мусулмонони муассиртарини муосири ҷаҳондар мақоми 11-ум қарор гирифта буд.[10]
  • Соли 2013 аз ҷониби маҷаллаи «Time»[11] миёни 100 шахсияти муассиртарини ҷаҳон интихоб мешавад.

Рӯйхати конфронс ва семпозиумҳо[вироиш]

Қайд кардан лозим аст, ки ҳоло таълимот ва афкори Фатҳуллоҳ Гюлен дар саросари олами муосир дастгирӣ ёфта, ҳамасола дар ҳар минтақаи ҷаҳон конфронс ва семпозиумҳое баргузор мегарданд, ки дар он мақоми таълимоти гюлениро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа, дини ислом ва ғайра баррасӣ мекунанд. Рӯйхати баъзе аз он конфронс ва семпозиумҳо чунин аст:

  • 26-28 апрели 2001 ИМА - Georgetown University, конфронси «Исломи муосир ва мудерншавии он, Фатҳуллоҳ Гюлен»[12];
  • 12-13 ноябри 2005 ИМА - Rice University, конфронси «Ислом дар даврони муосир: андеша ва амалия дар Ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен»[13];
  • 12-13 ноябри 2005 ИМА - шаҳри Чикаго, конфронси «Ҳаракати Гюлен ва гуфтугӯи динҳо»;
  • 25-26 ноябри 2005 Австралия - шаҳри Мелбурн, конфронси «Ислом, амнияти фардӣ ва душманӣ бо бегонагон»;
  • 4-5 марти 2006 ИМА - Dallas Southern Methodist University, конфронси «Ислом дар даврони муосир: андеша ва амалия дар Ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен»[14];
  • 5 ноябри 2006 ИМА - Oklahoma University, семпозиуми «Ислом дар даврони муосир: андеша ва амалия дар Ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен»[15];
  • 25-27 октябри 2007 Англия - British House of Lords, конфронси «Олами мутағайири исломӣ: саҳми Ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен»[16];
  • 7 июни 2008 Тайван - шаҳри Тайпей, конфронси «Фикр ва маданияти ислом»;
  • 2 ноябро 2008 Миср - шаҳри Қоҳира, дар рафти конфронси «Расму суннати фарҳангии Миср ва Шарқ: аз даврони атиқа ба ҷаҳонишавӣ» олимони рус, олмонӣ ва австралиягӣ атрофи таълимоти Фатҳуллоҳ Гюлен баромад карданд;
  • 28 феврали 2009

Қирғизистон - шаҳри Бишкек, конфронси «Таҳаммулпазирӣ ва диалог аз даврони Юсуф Ҳас Ҳачип то ба Фатҳуллоҳ Гюлен»;

  • 6-7 марти 2009 ИМА - Luisiana University, конфронси «Ислом дар даврони муосир: андеша ва амалия дар Ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен»[17];
  • 27 апрели 2009 Конго - конфронси «Нигоҳи фикри ва амалияи Ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен ба раванди диалог»;
  • 18 июни 2009 ИМА - CSIS Washington, конфронси «Ҳаракати Гюлен»;
  • 15-16 июли 2009 Австралия - шаҳри Мелбурн, конфронси «Фатҳуллоҳ Гюлен»[18];
  • 24 октябри 2009 Канада - Carleton University, семпозиуми «Барои боз ҳам дунёи беҳтар: саҳми Ҳаракати Гюлен»;
  • 29 октябри 2009 ИМА - Maryland University, конфронси «Саҳми Ҳаракати Гюлен дар сулҳи ҷаҳонӣ»;
  • 30 октябри 2009 Колумбия - конфронси «Ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен»;
  • 7 ноябри 2009 Танзания - конфронси «Андеша ва амалияи Фатҳуллоҳ Гюлен»;
  • 7 ноябри 2009 Олмон - шаҳри Кёлн, семпозиуми «Робитаҳои дур аз шуддат аз нигоҳи Далаи Лама, Фатҳуллоҳ Гюлен ва Маршалл Розенберг»[19];
  • 16 январи 2010 Урдун - шаҳри Омман, семпозиуми «Тафаккури муосири исломӣ ва саҳми он дар сулҳи умумиҷаҳонӣ, таҷрубаи Фатҳуллоҳ Гюлен»;
  • 5-7 марти 2010 Олмон - шаҳри Берлин, конфронси «Маънавиёт ва Маориф»;
  • 20 марти 2010 Голандия - Vrij University, конфронси «Ташаббусҳои Ҷалолуддини Румӣ ва Фатҳуллоҳ Гюлен» дар сулҳи умумибашарӣ»;
  • 26 марти 2010 Норвегия - конфронси «Санъати муросо ва ҳамзистӣ: мисоли Ҳаракати Гюлен»;
  • 31 марти 2010 Африкаи Ҷанубӣ - конфронси «Ҳаракати ҳамдилон»;
  • 29 апрел 2010 Индонезия - семинари «Хизматҳои Ҳаракати Гюлен дар Амрико»
  • 10 апрели 2010 Уганда - шаҳри Кампала, конфронси «Фатҳуллоҳ Гюлен ва сулҳи умумиҷаҳонӣ»;
  • 9 июни 2010 Украина - конфронси «Инсондӯстӣ дар олами муосир»;
  • 6-9 январ 2011 Малайзия - семинари «Ҳаракати Гюлен ва диалоги давлатҳо»;
  • 25-26 марти 2011 Албания - конфронси «Ҳаракати Гюлен»;
  • 28 марти 2011 Дания - конфронси «Диалог дар раванди назарҳои гуногуни башарӣ ва Ҳаракати Гюлен»;
  • 28 майи 2011 Кения - шаҳри Найроби, конфронси «Гуфтугӯи динҳо ва Ҳаракати Гюлен»[20];
  • 27 июли 2011 Алҷазоир - конфронси «Фатҳуллоҳ Гюлен»;
  • 18-19 ноябри 2011 Нигерия - шаҳри Абуҷа, конфронси «Андеша ва амалия дар Фатҳуллоҳ Гюлен» [21];

Рӯйхати конфорнс ва семпозиумҳо ба таври мухтасар оварда шудааст.

Институт ва Марказҳои тадқиқотии таълимоти Гюлен дар бунияи донишгоҳҳо[вироиш]

Ҳоло дар бунияи як қатор доҳишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои олам 4 маркази тадқиқотии таълимоти Гюлен фаъолият мекунанд, ки барои амиқтару беҳтар шинохтани шахсият ва фалсафаи ӯ, характери Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» мусоидат мекунанд:

  • октябри соли 2007 дар бунияи Донишгоҳи Хюстони ИМА Институти Гюлен ифтитоҳ гардид;
  • ноябри соли 2007 дар бунияи Донишгоҳи католикии Австралия Маркази тадқиқотии таълимоти Гюлен ифтитоҳ гардид;
  • апрели соли 2009 дар бунияи Донишгоҳи исломии Индонезия Маркази тадқиқотии таълимоти Гюлен ифтитоҳ гардид;
  • декабри соли 2010 дар бунияи Доҳишгоҳи католикии Лювени Белгия Маркази тадқиқотии таълимоти Гюлен ифтитоҳ гардид;

Таълимоти Фатҳуллоҳ Гюлен[вироиш]

Фатҳуллоҳ Гюлен пайрави мазҳаби ҳанафия аст. Заминаи таълимоти Гюленро аввалан Қуръони Карим, суннати Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) ва баъдан фикру таълимоти безаволи мутафаккирон ва орифони Шарқ ба монанди Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ, Анварӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Имом Раббонӣ, Абдулқодир Гелонӣ ва ғ. ташкил медиҳанд. Азбаски Гюлен аз забонҳои арабӣ, форсӣ ва ҳамчунин туркии усмонӣ хуб бохабар аст, маълумоти хуби илмӣ-фалсафӣ, улуми динӣ ва завқи адабиро доро аст. Ҳарчанд Гюлен ба ягоне аз тариқатҳои сӯфимашраб мансуб нест, аммо аз олами пур аз завқи руҳонии тасаввуф хуб огоҳ аст. Соли 1967 хабарнигор аз Гюлен суол мекунад, ки ба кадом тариқат мансуб аст. Ӯ чунин посух медиҳад: «Ман аз тариқати занбӯри асал ҳастам. Мехоҳам аз ҳар гуле асал гирам». Ҳамчунин дар яке аз мусоҳибаҳояш қайд мекунад, ки осори нависанда ва мутафаккирони зиёди Ғарбу русро ба монанди Шекспир, Балзак, Волтер, Руссо, Кант, Золя, Гёте, Гюго, Камю, Сартр, Рассел, Пушкин, Толстой, Гогол, Достоевский ва ғ. низ хондааст. Замина ва хишти аввали таълимоти Гюленро имон ба Ягонаву Донои танҳо будани Худованди Карим ташкил медиҳад. Ӯ дар асарҳояш таъкид мекунад, ки омӯзиши математика, биология, физика ва кимиё барин илмҳои дақиқ, васила барои шинохти дурусти Офаридгори олам аст. Гюлен дар таълимот ва осори худ исломро танҳо аз як нуқтаи назар шарҳ надода, баръакс такя ба фикри орифони мустаснои ислом карда, ҳақиқати дини мубинро барои насли муосир бо оҳанги ҷадид равшан месозад. Ӯ дар таълимоташ бештар ҷиҳати амалии ҳаёти маънавиро шарҳ додааст. Аз ин рӯ назария ва амалия дар ҳаёти маънавии Гюлен мақоми хосаро дорад. Ӯ қайд мекунад, ки «барои ҳастии ҳақиқии инсон ҳаёт бидуни назария ва амалия мақбул нест; назария ва амалияе, ки оқибат башариятро ба соҳили саломат расонад». Гюлен дар таълимоташ барои мувозинати ҳаёти дунявӣ ва ухравӣ маорифпарварӣ, таълиму тарбия, илмомӯзӣ, фидокорӣ, вафо, ҳаёти маънавӣ, маърифатуллоҳ, илм ва дин, инсони комил, ҳусни тафоҳум, таҳаммулпазирӣ, ҳикмати инсондӯстӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва дигар арзишҳои маънавии башариро асос дониста, барои дар ҳаёт амалӣ кардани онҳо муҳит ва ҳамагонро ташвиқ мекунад, ки инсон бояд тамоми дороияшро барои «хизмати башарият» равона кунад. Гюлен насли идеалии ҷаҳони муосирро «насли заррин» меномад. Ӯ доим дар талоши тарбияи насле аст, ки чунин муаррифияш мекунад: «Насли заррин наслест, ки соҳиби ақлу ҳуши бо илмҳои муосир равшан, дили бо имон мунаввар мебошад. Он обидаи ахлоқ на барои худ, балки барои беҳбудии башарият зиндагӣ мекунад». Гуфта мешавад, маҳз чунин идеали Гюлен пайравони зиёди таълимоти ӯро ба бор овардааст, ки имрӯз онҳоро Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» меноманд.

Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат»[вироиш]

Фатҳуллоҳ Гюлен соли 1966 ҳамчун воизи масҷиди Кестанепазари дар шаҳри Измир адои вазифа мекунад. Гюлен дар рафти мавзӯъҳояш шаҳрвандони Измир ва муҳити онро барои илмомӯзиву маорифпарварӣ ташвиқ мекунад. Ӯ доим таъкид мекард, ки эъмор ва рушди ҷомеа танҳо бо роҳи баланд бардоштани илму маърифат ва рафъи камбизоативу тафриқа миёни одамон имконпазир аст. Чунин таълимоти Гюлен дар саросари Туркия вокуниш ба амал оварда, аз ҷониби қишри гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгирӣ ёфт. Ҷомеашиносон ба ин назаранд, ки асосан ҳаракати «Хизмат» барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва аз байн бурдани ихтилоф миёни ҷомеаи башарӣ талош меварзад. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки худи Гюлен роҳбарии чунин ҳаракати ҷамъиятиро рад карда, худро танҳо яке аз фардҳои ин ҷода меҳисобад. Ба андешаи ӯ ҳар тақдир ва таҳсине, ки нисбати ин ҳаракат ва шахсияти ӯ гуфта мешавад, ҳаққи он қаҳрамонҳоест, ки дар ақсои олам барои беҳбудии башарият хизмат мекунанд:

Баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ[вироиш]

Гюлен бар он назар аст, ки яке аз мушкилтарин масъалаи одамизод бесаводӣ ё худ ҷаҳолат аст. Ӯ дар тамоми осори худ мушкилии мазкурро таъкид карда, барои рафъи он роҳандозии усули таълими муассирро асос медонад. Барои рушди илмӣ-маънавии толибилм лабаратория ва синфхонаҳои бо таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳҳазро шарт мешуморад. Дар баробари ин, ҳар толибилм бояд аз фарҳангу таърихи миллияш, арзишҳои милливу умумибашарӣ бохабар бошад. Ҳамчунин, Гюлен омӯзиши забонҳои хориҷиро дар чунин муассисаҳои таълимӣ шарт ва зарур медонад. Ҷиҳатҳои назарраси муассисаҳои таълимии мазкурро ҷомеашиносону маорифпарварон чунин қайд мекунанд: дорои таҷҳизоти замонавӣ, баробарӣ миёни писарон ва духтарон, риояи ҳаққу ҳуқуқи толибилмону омӯзгорон новобаста ба нажод, эътиқод ва миллат, савияи баланди таълим ва тарбия, таълим бо забони англисӣ ва ғ.

Беҳбудии вазъи иҷтимоӣ[вироиш]

Фатҳуллоҳ Гюлен дар рафти яке аз суҳбатҳояш иброз медорад, ки миёни мардум зарбулмасале ҳаст: «Оташ ҳар ҷое афтад, аввал он ҷоро ба коми худ фуру мебарад», аммо ман мегӯям: «Оташ ҳар ҷое афтад, аввал маро ба комаш фуру мебарад!». Ӯ ба атрофиёнаш саховатмандӣ ва ба муҳтоҷон дасти кӯмак дароз карданро тарғиб мекунад. Касоне, ки ба дарки ин андешаҳо расиданд, Фонди хайриявии «Kimse yok mu?»-ро бунёд карданд. Фонди «Kimse yok mu?» аз шаҳрвандони Туркия ва кишварҳои мухталифи олам ба таври ихтиёрӣ кӯмакҳои моддӣ гирифта, онҳоро бинобар эҳтиёҷи аввалия харҷ мекунад. Дар баробари кӯмакҳои моддӣ-ғизоӣ фонди мазкур як қатор фаъолиятҳои таълимиро низ ба роҳ мондааст. Дар доираи фаъолиятҳои мазкур фонди «Kimse yok mu?» аллакай дар як қатор давлатҳои ҷаҳон марказҳои касбомӯзиву забономӯзӣ, беморхонаҳо, ятимхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва китобхонаҳо сохтааст. Бояд қайд кард, ки вақте соли 2009 шаҳраки Уялии Тоҷикистонро сел зада талафотҳои зиёди моливу моддӣ пас аз худ монд, фонди «Kimse yok mu?» ба 2 ҳазору 500 сокини осебдидаи маҳаллӣ кӯмаки моддӣ-ғизоӣ кард. Илова ба кӯмакҳои мазкур Фонди «Kimse yok mu?» барои сокинони осебдидаи минтақа ба Президенти ҷумҳурӣ кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 350 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмакпулӣ тақдим мекунад.

Аз байн бурдани ихтилоф миёни ҷомеаи башарӣ[вироиш]

Ба бовари Гюлен яке аз душвориҳои дигари ҷомеаи муосир ихтилоф ва ифтироқ аст. Ӯ таъкид мекунад, ки касро новобаста ба мафкура, нажод, миллат, эътиқод ва арзишҳои мухталифи башарияш дар мақоми инсон бояд қабул намуд. Чун ҳар махлуқ ӯ низ осори санъати беҳамтои Парвардигор аст, инсонро ба хотири Офаридгораш эҳтиром бояд кард. Вақте солҳои 90-и асри ХХ ҷомеашинос ва файласуфи амрикоӣ Сэмюэл Хантингтон доир ба «бархӯрди тамаддунҳо» аввалин мақолаашро чоп мекунад, ҷаҳон як навъ ба бархӯрди динҳо тайёрӣ медид. Ҳар душворие, ки миёни намояндагони динӣ ба назар мерасид ва ҳар вақте амалиётҳои террористии ифротгарон дар расонаҳои дунё сару садо баланд мекард, ҷомеа тамоми ин падидаҳоро аз нигоҳи «бархӯрди тамаддунҳо»-и Хантингтон баҳо медод. Аммо ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» дар заминаи таълимоти Гюлен нишон дод, ки падидаи мазкур болои ҳамл ва тарғиби фикрии беасоси як зумра ҷангхоҳон бино шудааст, ки аз кашмакашиҳои ҷаҳонӣ фоида мебинанд. Барои сар назадани чунин бархӯрдҳои фарҳангӣ Гюлен бар ин назар аст: «азбаски дунё гирифтори хусумат ва низоъҳои гуногун аст, ба дӯши ҳар фарди ҷомеа вазифаи таълифи байн ва ё худ масъулияти миёнарав меафтад. Новобаста ба он ки ин низоъ миёни ду шахс аст, миёни ду оила аст, миёни ду ҷомеа ва ё ду давлат аст, ҳар фарди оқил ва соҳибирода бояд ҳамчун миёнарав барои истиқрори сулҳу субот дар рӯи замин саҳм гузорад». Ба ақидаи Гюлен, агар чунин шароит фароҳам оварда нашавад, бунёди ҷомеаро ихтилофу ифтироқ ба монанади вирус аз дохил заъиф гардонида, оқибат аз пой меафтонад. Ҳамин тавр Фатҳуллоҳ Гюлен ҷомеаро ба таҳаммулпазирӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо даъват менамояд. Дар ин раванд, Гюлен 9 феврали соли 1998 дар Ватикан бо Папаи вақт Ҷон Поли II дар доираи «муколамаи динҳо» мулоқоти расмӣ анҷом дод. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки соли 1998 Фатҳуллоҳ Гюлен дар доираи барномаи таҳаммулпазирӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо бо хохоми яҳудиён Элияҳу Бахсӣ вохӯрд. Ҳамин тавр соли 1998 фонди «Диалоги Авруосиё» («Диалог Евразия») низ барои ташвиқи зиёиён ва сарони ҳукумат дар раванди таҳаммулпазирӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳову адён бунёд мешавад. Аъзоёни фонди мазкур Туркия, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Эстония мебошанд. Ҳамчунин якқатор кишварҳои минтақа ба ҳайси нозирон дар ҷамъомадҳои фонди мазкур иштирок меварзанд. Ҳоло дар Тоҷикистон низ шуъбаи «Диалоги Авруосиё» аз соли 2007 фаъолият мекунад, ки барои рафъи мушкилот ва беҳбудии ҷомеа зиёиён, нависандагон, шоирон, олимон, рӯзноманигорон, санъаткорон, профессорон, номзадҳои илм, донишҷӯён ва афроди қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам меорад.

Осори Фатҳуллоҳ Гюлен[вироиш]

Фатҳуллоҳ Гюлен яке аз мутафаккирони сермаҳсули замони муосир ба шумор меравад. Ӯ муаллифи беш аз 70 адад асарҳои маърифатӣ-иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Сабту наворҳои зиёди суҳбатҳои гуногунҷанбаашро низ ба маҳсули фикрии ӯ метавон илова намуд. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки асарҳои зиёди ӯ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шудаанд: олмонӣ, русӣ, англисӣ, дарӣ, озарбойҷонӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, хитоӣ, арабӣ, курдӣ, булғорӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, албанӣ, фаронсавӣ, испанӣ, босниягӣ, чехӣ, итолиёвӣ, куриёгӣ, лаҳӣ, литвиягӣ, португалӣ, туркманӣ, паштунӣ, юнонӣ ва ғайра, ки дар ҷамъ бештар аз 30 забонро ташкил медиҳанд. Илова бар ин соли 2014 китоби Фатҳуллоҳ Гюлен «Sonsuz Nur», ки доир ба ҳаёт, ахлоқ ва паёмбарии Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) таълиф ёфтааст, бори аввал ба забони тоҷикӣ бо номи «Нури абадӣ» ҷилди 1-ум (иборат аз 5 ҷилд) аз чоп баромад.

Мавқеи Фатҳуллоҳ Гюлен нисбат ба масъалаи терроризм[вироиш]

Фатҳуллоҳ Гюлен зидди ҳар намуди терроризм баромад мекунад. Ӯ дар асарҳояш қайд мекунад, ки дар ислом кулли ҷанбаҳои ҷиҳод ба таври шаффофу равшан шарҳ ёфтаанд. Ӯ мегӯяд: «Террористони худкуш (комикадзе) абадӣ дар дӯзах мемонанд ва аз амалҳои ба ҷо овардаашон истинтоқ мешаванд». Гюлен аввалин намояндаи олами ислом буд, ки амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001-ро маҳкум кард. Гюлен дар мақолае, ки 12 сентябри ҳамон сол дар рӯзномаи «Washington Post» чоп шуд, ҳамла ба Маркази тиҷоратии ҷаҳонро маҳкум карда чунин гуфт: «Мусулмон террорист буда наметавонад ва террорист ҳам мусулмон нест!» Ӯ дар мақолааш бо лаҳни қатъӣ қайд мекунад, ки чеҳраи поки ислом бо дасти ашхоси ба ном мусулмон сиёҳ карда мешавад. Ҳол он ки ин зумра бо ислом ҳеҷ рабте ҳам надоранд. Ҳамон рӯзҳо тавсияи Гюлен чунин буд, ки исломро мебояд аз сарчашмаҳои ноби худ омӯхт, на ин ки аз нигоҳи гуфтор ва рафтори як қатор авбошони ба ном мусулмон. Ӯ дар рафти яке аз мусоҳибаҳояш Усома ибни Лоданро ваҳшӣ номида илова мекунад: «Барои ман яке аз шахсони манфуртарини рӯи замин Усома ибни Лодан аст, зеро ӯ чеҳраи пок ва нуронии дини мубини исломро олуда кардааст». Ҳамчунин дар мусоҳиба бо нашрияи олмонии «Зюддойче Цайтунг» ӯ қайд мекунад: «Дар таърихи ислом ҳамеша ёфт мешуданд гурӯҳҳои мутаассибе, ки нисбат ба ҷамъиятҳои дигар фишор меоранд, инсонҳоро ба қатл мерасонанд ва бад-ин васила ба дини худ хиёнат мекунанд. Яке аз охирини ин гурӯҳҳо ал-Қоида буд ва ҳоло ДИИШ сар задааст. Ҳаминаш намерасид. ДИИШ исломро бадном мекунад. Амалкарди онҳо аз як ваҳшигарие иборат аст. Ҳар касе ки андешаҳои зиддиисломӣ дошта бошад, дар пайи амалкарди инҳо худро ҳақ меҳисобад. Ин ҳолат хоби инсонро мепаронад. Мутаассифона, олами ислом дар муқобили чунин қазия мавқеи чандон равшану мушаххасе баён накард. Инро дар ҳаққи олимони Маккаву Мадина ҳам гуфтан мумкин аст, дар ҳаққи олимони Мисру Туркия ҳам». Дар давоми мусоҳиба Гюлен сифати ҷангиёни ДИИШ-ро ин зайл меорад: «Ҷангиёни ДИИШ афроди ҷаҳолатпешаанд ва аз дини худ андаке бошад ҳам огоҳӣ надоранд. «Ҷанги муқаддасе», ки онҳо бофтаанд, танҳо аз ваҳшонияте иборат аст».

Гюлен дар матбуоти тоҷик[вироиш]

Атрофи таълимоти Гюлен нависандагон ва рӯзноманигорони маъруфи тоҷик солҳои зиёд дар матбуоти ватанӣ фикру андешаҳои худро иброз доштаанд. Солҳои баъдӣ тамоми он мавод ҷамъоварӣ шуда, дар шакли китоб ба нашр расид.

  • Фалсафаи Гюлен дар матбуоти тоҷик. - Душанбе:«Ирфон», 2014. - 310с.

Дастгирии фикрҳои Гюлен аз ҷониби олимони тоҷик[вироиш]

Олимони тоҷик низ доир ба таълимоти Гюлен дар расонаҳои ватанӣ зиёд ёдовар шудаанд. Маҳсули меҳнати онҳо дар шакли китоби комил ба нашр расидааст.

  • «Ҳикмати таҳаммул». - Душанбе:«Ирфон», 2014. - 364с.

Осори олимони ватанӣ дар бораи таълимоти Гюлен[вироиш]

  • Нодир Одилов. Идейное пространство Гюлена». - М.:«Издательство Новый Свет», 2010. - 243с.
  • Муҳсин Раҳимов.Толерантность основа мира. Душанбе:«Ирфон», 2013. - 196с.
  • Маҳмадулло Давлатов. Оила ва рушди шахсияти фарзандон.(дар ҳошияи андешаҳои Фатҳуллоҳ Гюлен). - Душанбе:«Ирфон», 2014. - 224с.[22]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Аз соли 2014 Дар Туркия пешвои ҷумбиши "Хизмет" ба ташкили гурӯҳи террористӣ ва ба вуҷуд овардани ниҳодҳои ҳамсони ҳукумат гунаҳкор дониста мешавад. Прокурор барои ворид кардани Гюлен ба рӯйхати Интерпол ба вазорати адлияи ин кишвар муроҷиат кардааст.[23] Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар табаддулоти давлатии тобистонии Туркия дар соли 2016 алайҳи ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон муттаҳам мешавад. Бинобар, ин фаъолияти ҳамаи мактаб-литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон боздошта шудааст.[24]


Эзоҳ[вироиш]

  1. [1]
  2. Алварли Муҳаммад Лутфӣ
  3. [2]
  4. [3]
  5. [UNESCO. Центральная Азия на пути к культуре мира: формирование толерантного сознания, воспитание культуры мира: материалы международной конференции/ Сост. и ред. Каримова И.Х.; Академия образования Таджикистана.-Душанбе: Ирфон, 2011.- 170с. ISBN ББК 74.9+88.8]
  6. [4]
  7. [“The Golden Generation”, in Muslim World in Transition: The Contribution of Gulen Movement, Conference Proceedings, Leeds Metropolitan University Press, London, 2007, p. 70; Fethullah Gülen, Pearls of Wisdom, The Fountain, Virginia, 2005, p. 84, 85.]
  8. [5]
  9. [6]
  10. [7]
  11. http://time100.time.com/2013/04/18/time-100/slide/fethullah-gulen/
  12. [8]
  13. [9]
  14. [10]
  15. [11]
  16. [12]
  17. [13]
  18. [14]
  19. [15]
  20. [16]
  21. [17]
  22. «Оила ва рушди шахсияти фарзандон»
  23. Ҳукми боздошти Гюлен содир шуд
  24. Тоҷикистон аз Туркия имтиёз гирифтан мехоҳад