Муҳаммад валид Абдулазиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад валид Абдулазиз
ар. محمد ولد عبد العزيز
30 январ 2014 — 30 январ 2015
Пешгузашта Hailemariam Desalegn[d]
Ҷонишин Роберт Мугабе
5 август 2009 — 1 август 2019
6 август 2008 — 15 апрел 2009

Таваллуд 20 декабр 1956(1956-12-20)[1] (67 сол)
Ҳамсар Mariam Mint Ahmed Aicha[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод суннӣ
Навъи артиш Mauritanian National Army[d]
Рутба генерал
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муҳаммад валид Абдулазиз (ар. محمد ولد عبد العزيز‎) ‎ фр. Mohamed Ould Abdel Aziz; тав. 20 декабри 1956[2], Акжуҷт) — арбоби низомӣ ва сиёсии Мавритания, Президенти Мавритания аз 5 августи 2009 то 1 августи 2019. Раиси Иттиҳоди Африқо аз 30 январи соли 2014 то 30 январи соли 2015.

Аз соли 1977 дар артиши Мавритания хидмат кардааст. Дар соли 2005 ӯ яке аз созмондиҳандагони табаддулоти низомии таҳти раҳбарии Эли валид Мухаммад Фол алайҳи Президенти ҷумҳурии кишвар, Муавия валид Сидиаҳмад Тайе буд. 30 августи соли 2007, Президенти ҷумҳури Сидӣ валид Шайх Абдуллоҳ Муҳаммад Абдулазизро фармондеҳи муҳофизони президент таъйин кард. Кӯшиши барканории ӯ аз ин мақом боиси он шуд, ки Муҳаммад Абдулазиз 6 августи соли 2008 табаддулоти бомуваффақияти низомӣ анҷом дод ва Шӯрои давлатии иборат аз 11 нафарро раҳбарӣ кард.

Соли 2009 Муҳаммад валид Абдулазиз Президенти Мавритания интихоб шуд.

21 марти соли 2010 Муҳаммад Абдулазиз равобити дипломатиро бо Исроил қатъ кард. Қабл аз ин Мавритания яке аз 3 кишвари арабӣ буд, ки бо Исроил муносибатҳои дипломатӣ доштанд.

14 октябри соли 2012 Муҳаммад Абдулазиз дар пойтахти кишвар Нуакшот[3][4] аз дасташ захмӣ шуд. Тир аз ҷониби як дастаи низомӣ парронда шуда буд, ки худрави президентро нашинохтааст.

Тирамоҳи соли 2016 Муҳаммад Абдулазиз ташаббуси тағйири парчами миллии Мавританияро пешниҳод карда буд, ки ба он ду рахи сурх илова карда шавад, то рамзи қурбониҳои мардум дар мубориза бар зидди мустамликадории Фаронса бошад.

Моҳи октябри соли 2018 Муҳаммад Абдулазиз шарики наздики худ Муҳаммад валид Ғазувонӣро вазири дифои Мавритания таъйин кард, то ӯ дар оянда президенти кишвар шавад. 22 июни соли 2019 дар интихобот, Муҳаммад валид Ғазувонӣ дар даври 1-ум 52 % овозҳоро ба даст овард ва Президенти Мавритания гардид

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]