Jump to content

Муҳарам Дадобоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳарам Дадобоева
Муҳарам Наимҷоновна Дадобоева
Таърихи таваллуд 6 октябр 1962(1962-10-06) (62 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М. Киров (1980)

Муҳарам Наимҷоновна Дадобоева (тав. 6.10.1962) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1986 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М. Киров-ро хатм кардааст. Ихтисос муаллими нақшакашӣ, расм ва меҳнат

  • Солҳои 1986-1994- лаборанти кафедраи нақшакашӣ ва услуби фанҳои тахассусии факултети рассомӣ-графикӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 1994-2002- сармуаллими кафедраи расму мусаввирии факултети рассомӣ-графикӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2002-2004- муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети рассомӣ-графикӣ
  • Соли 2004- рисолаи номзадиро дифоъ намудааст
  • Солҳои 2004-2007- номзади илмҳои педагогӣ, сармуаллими кафедраи расму мусаввирии факултети рассомӣ-графикӣ
  • Солҳои 2007-2008- муовини декан оид ба корҳои илмии факултети рассомӣ-графикӣ
  • Солҳои 2008-2009- дотсенти кафедраи санъати ороишӣ-амалии факултети рассомӣ-графикӣ
  • Солҳои 2009-2011- муовини декан оид ба корҳои таълими факултети рассомӣ-графикӣ
  • Солҳои 2011-2015- мудири кафедраи санъати ороишӣ-амалии факултети рассомӣ-графикӣ
  • Солҳои 2015-2016- дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва услуби таълим, муовини декан оид ба корҳои илмии факултети санъати тасвирӣ ва технология Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Аз соли 2016 то ҳоло- дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он, муовини декан оид ба корҳои илмии факултети санъати тасвирӣ ва технология Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]