Jump to content

Муҳиддин Фарҳат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муҳиддин Ҳасанов)
Муҳиддин Фарҳат
беларусӣ: Мухіддзін Фархат
Таърихи таваллуд: 7 август 1924(1924-08-07)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 30 май 1984(1984-05-30) (59 сол)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор

Муҳиддин Фарҳат (7 август 1924, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд30 май 1984) — шоир и маъруфи тоҷик, рӯзноманигор. Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳиддин Фарҳат (Муҳиддин Ҳасанов) 7 августи соли 1924 дар деҳаи Хоҷанайсавори ҷамоати Ёваи ноҳияи Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1940 вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) шуда, аз курси савум ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтааст. Чун сарбози қӯшуни пиёдагард аз Смоленск то Полша ҷангида, дар озод кардани шаҳрҳои Витебск, Шауляй ва Кёнисберг иштирок доштааст. Баъди ҷанг таҳсилро давом дода, мактаби олиро соли 1948 ба итмом расондааст. Баъдан, муддате, мудири шуъбаи адабиёту санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» буда, дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Машъал» фаъолият бурдааст, дар Донишкадаи педагогии занонаи Душанбе муаллимӣ кардааст. Муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» буда, дар таҳрири Энсиклопедияи советии тоҷик ширкат варзидааст. Фарзандаш оҳангсози тоҷик Манзура Ҳасанова аст. ки дар Консерватрияи миллӣ фаъолият дорад. Соли 1984 аз олам даргузашт.

Муаллифи китоби ашъори «Гулҳои шодӣ» (1948), «Дӯст медорам» (1950), «Назми озодӣ» (1955), «Тирамоҳи муҳаббат» (1962), «Рӯди кӯҳӣ», «Гелоси сафед» (1981) ва ғ. мебошад. Мавзӯи офаридаҳояш гуногун буда, асосан ба тасвири воқеаҳои замон ва тараннуми ишқу муҳаббат ихтисос ёфтаанд. Чанд достон ҳам эҷод кардааст, ки «Чор минбар», «Салом, Пушкин», «Иқлими баҳор» ва ғ. аз он ҷумлаанд. Достонҳои «Евгений Онегин», «Руслан ва Людмила»-и А.Пушкин, «Бородино» ва «Вопасин писар»-и М. Лермонтов, «Россия»-и А. Прокофйев, «Рӯзи охирин» ва «Хонае дар Шушенск»-и С.Шипачёв, китоби ашъори шоирони белорус Я.Колас, Я.Купала; украин Тычина; ӯзбек Ҳамза, Ғ.Ғулом, Ҳ.Олимҷон; қазоқ Г.Ҷароқов, Г. Ормонов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Ҳамчунин, тарҷумаи романи Э.Казакевич «Баҳор дар Одер» ва фоҷиаҳои В. Шекспир «Ду веронӣ», «Ричарди III» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, озарӣ, туркманӣ, қирғизӣ, литвонӣ ва ғ. тарҷума шудаанд. Бисёр шеърҳояшро ҳофизон оҳанг баставу мехонанд.

Бо ордени «Шараф», се медали ҷангӣ, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими А. Сомонӣ ва М. Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 253 ISBN 978-99947-2-379-9