НБО «Қайроққум»
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Дарё | Сирдарё |
Молик | ШСХК "Барқи тоҷик" |
Соли оғози сохтмон | 1956 |
Соли бакордарории агрегатҳо | 1957 |
Мушаххасоти асосӣ | |
Навъи нерӯгоҳи барқӣ | барқии обӣ |
Тавоноии барқӣ, МВт | 126 ҳазор кВт |
Тавсифоти таҷҳизот | |
Навъи турбина | ПЛ – 495 – ВБ – 500 |
Шумора ва маркаи турбинаҳо | 6 |
Тавоноии генераторҳо, МВт | 21 ҳазор кВт |
Дар харита | |
Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум (собиқ НБО «Дӯстии халқҳо») — (дар Сирдарё) солҳои 1956—1957 сохта шудааст ва дорои 6 гидроагрегат аст, ки иқтидори ҳар кадомаш 21 ҳазор кВт мебошад. Иқтидори умумии НБО Қайроққум — 126 ҳазор кВт аст.
Агрегатҳои НБО Қайроққум аз рӯи ин тартиб ба кор оғоз кардаанд: Соли 1956 — ду агрегат Соли 1957 — чор агрегат Турбинаҳои обии намуди ПЛ — 495 — ВБ — 500 дар заводи турбинаҳои обии Сызран истеҳсол гардидаанд. Иқидори турбинаҳо — 23, 6 мВт, шиддати муҳосибавиашон — 15 м, масрафи ҳисобшудаи об — 180 м 3 / сония, доираи чархи кориашон — 4,995 м буда дар як дақиқа 125 бор давр мезананд. Генераторҳои обии намуди ВГС — 700/100 — 48 истеҳсоли заводи «Уралэлектротяжмаш» — и ба номи В. И. Ленин, шаҳри Уралск ҳастанд. Иқтидори генератор 21 мВт аст. Шиддати генератор 10,5 кВ буда, дар як дақиқа 125 маротиба давр мезанад. Трансформатори қудратӣ: ду гурӯҳи хар кадомашон аз се якфазагии секалобадори иқтидорашон 30 МВА ва шиддаташон 220/110/10 кВт иборат аст(Тавлиди заводи трансфарматорбарории шаҳри Маскав).
Ҳаҷми обанбори НБО — Қайроққум (ҳоло Обанбори Баҳри тоҷик.):
- дарозиаш қариб 65 км;
- васеъгиаш аз 50 то 20 км (таъғирёбанда);
- масоҳати сатҳи оби обанбор — 513 км;
- ҳаҷми умумӣ — 3413,5 м3;
- ҳаҷми фоиданоки он- 2743 м3;
- сатҳи аз ҳама зиёди оби он — 374, 5 м.
НБО Қайроққум бо шабакаҳои Обанбори Баҳри тоҷик: бо се ХИБ — и 220 кВт ва панҷ ХИБ — и 110 кВт пайваст аст.
Лоиҳаи "Таҷдиди НБО «Қайроққум»"
[вироиш | вироиши манбаъ]23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО "Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи «Барки Тоҷик»/Сохтори «Барки Тоҷик»(пайванди дастнорас)