Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Баҳри тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Обанбори Баҳри тоҷик)
Баҳри тоҷик
Нигора
Created by dam НБО Қайроққум
Дарёҷой барои Сирдарё
Outflows Сирдарё
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Суғд
Навъи асари бостонӣ Ramsar site[d]
Дарозӣ
  • 75 км
Бар 20 км
Жарфои амудӣ 25 м
Масоҳат
  • 520 км²
Ҳаҷм 416 000 cubic hectometre
Satellite view
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳри Тоҷик[1] (то 2016 обанбори Қайроққум[2]) — обанбор дар вилояти Суғди Тоҷикистон.

Ҳаҷми Баҳри тоҷик:

  • дарозиаш қариб 65 км;
  • васеъгиаш аз 50 то 20 км (таъғирёбанда);
  • масоҳати сатҳи оби обанбор — 513 км;
  • ҳаҷми умумӣ — 3413,5 м3;
  • ҳаҷми фоиданоки он- 2743 м3;
  • сатҳи аз ҳама зиёди оби он — 374, 5 м.

Баҳри тоҷик бо шабакаҳои НБО – Қайроққум: бо се ХИБ — и 220 кВт ва панҷ ХИБ — и 110 кВт пайваст аст.

Собиқ «Обанбори Қайроққум» солҳои 50 — ӯми асри XX бунёд ёфта барои захираву обёрии заминҳои водии Фарғона низ истифода бурда мешавад. Обанбори Қайроққум, минбаъд бо номигузории «Баҳри тоҷик» маъмул шудааст.

Баъди бунёд кардани обанбори Қайроққум, аз охири солҳои 60-ум сар карда, шаҳри Қайроққум бо истеҳсоли моҳӣ ва моҳипарварӣ шуҳратманд гардида буд. Имрӯзҳо кормандони ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Суғдмоҳӣ» дар давоми сол шикори моҳиро қариб то 110 тонна расондаанд. Зиёда аз 2 миллион моҳичаҳо дар обанборҳои махсус парвариш карда мешаванд. Дар обанбор моҳиҳои гуногун парвариш карда мешавад.

Осоишгоҳҳои Баҳри тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соҳили Баҳри тоҷик якчанд осоишгоҳҳои фароғативу беҳдоштӣ барои истироҳати мардум ба монанди «Баҳористон», «Соҳил», «Конибодом» ва диг. сохта шудаанд ва фаъолият мекунанд. Онҳо ба ҷойи дӯстдоштаи саёҳату истироҳати сокинони Тоҷикистон ва инчунин сокинони кишварҳои хориҷӣ табдил ёфтаанд.