НБО Қайроққум
НБО Қайроққум | |
---|---|
![]() Логотипи НБО Қайроққум | |
Кишвар |
![]() |
Дарё | Сирдарё |
Молик | ШСХК "Барқи тоҷик" |
Соли оғози сохтмон | 1956 |
Соли бакордарории агрегатҳо | 1957 |
Мушаххасоти асосӣ | |
Навъи нерӯгоҳи барқӣ | барқии обӣ |
Тавоноии барқӣ, МВт | 126 ҳазор кВт |
Тавсифоти таҷҳизот | |
Навъи турбина | ПЛ – 495 – ВБ – 500 |
Шумора ва маркаи турбинаҳо | 6 |
Тавоноии генераторҳо, МВт | 21 ҳазор кВт |
Дар харита | |

Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум (собиқ НБО "Дӯстии халқҳо") — (дар Сирдарё) солҳои 1956-1957 сохта шудааст ва дорои 6 гидроагрегат аст, ки иқтидори ҳар кадомаш 21 ҳазор кВт мебошад. Иқтидори умумии НБО Қайроққум - 126 ҳазор кВт аст.
Агрегатҳои НБО Қайроққум аз рӯи ин тартиб ба кор оғоз кардаанд: Соли 1956 – ду агрегат Соли 1957 – чор агрегат Турбинаҳои обии намуди ПЛ – 495 – ВБ – 500 дар заводи турбинаҳои обии Сызран истеҳсол гардидаанд. Иқидори турбинаҳо – 23, 6 мВт, шиддати муҳосибавиашон – 15 м, масрафи ҳисобшудаи об – 180 м 3 / сония, доираи чархи кориашон – 4,995 м буда дар як дақиқа 125 бор давр мезананд. Генераторҳои обии намуди ВГС – 700/100 – 48 истеҳсоли заводи «Уралэлектротяжмаш» - и ба номи В.И. Ленин, шаҳри Уралск ҳастанд. Иқтидори генератор 21 мВт аст. Шиддати генератор 10,5 кВ буда, дар як дақиқа 125 маротиба давр мезанад. Трансформатори қудратӣ: ду гурӯҳи хар кадомашон аз се якфазагии секалобадори иқтидорашон 30 МВА ва шиддаташон 220/110/10 кВт иборат аст(Тавлиди заводи трансфарматорбарории шаҳри Маскав).
Ҳаҷми обанбори НБО – Қайроққум (ҳоло Обанбори Баҳри тоҷик.):
- дарозиаш қариб 65 км;
- васеъгиаш аз 50 то 20 км (таъғирёбанда);
- масоҳати сатҳи оби обанбор – 513 км;
- ҳаҷми умумӣ – 3413,5 м3;
- ҳаҷми фоиданоки он- 2743 м3;
- сатҳи аз ҳама зиёди оби он – 374, 5 м.
НБО – и Қайроққум бо шабакаҳои Обанбори Баҳри тоҷик: бо се ХИБ – и 220 кВт ва панҷ ХИБ – и 110 кВт пайваст аст.
Лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум»[вироиш]
23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО «Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.[1]
Пайвандҳо[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд.