Jump to content

Назорати дохилии конститутсионӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Назорати дохилии конститутсионӣ -тафтиши мувофиқати меъёрҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсияи мамлакат, ки дар ҷараёни тайёр кардани санад амалӣ гардонда мешавад. Ин гуна назорат бисёр вақт хислати маслиҳатро дорад ва назорати берунаро сарфи назар намекунад. Дар амалӣ гардондани назорати дохилии констнтутсионӣ назорати парлумонӣ ва назорат аз тарафи сардори давлат ҷой дошта метавонад. Назорати парлумонӣ дар ҳаллу фасл гардидани лоиҳаи қонун дар давраҳои гуногуни расму қоидаи қабули он ба кор бурда мешавад. Вакилон дар муҳокимаи лоиҳа дар комиссияҳо ё маҷлисҳои палатаҳо метавонанд ғайриконститутсионӣ будани санадро нишон диҳанд. Фикри аъзои парлумонро метавонад мақомоти назорати конститутсионӣ, агар чунин санад барои дида баромадан ба ӯ супорида шавад (яъне дар вақти гузаронидани назорати беруна), ба эътибор гирад. Сардори давлат, қонунҳои барои имзо ба ӯ пешниҳодшударо бо сабаби ба Конститутсия мувофиқ наомадани онҳо метавонад ба парлумон бозгардонад (ниг. ба Назорати конститутсионӣ).[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 320-321