Jump to content

Назорати конститутсионӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Назорати конститутсионӣ — намуди махсуси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешавад ва ба таъмини мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба конститутсияи давлат равона карда шудааст. Моҳияти назорати конститутсионӣ дар он аст, ки мақомоти назораткунанда мувофиқати санадҳои ҳуқуқиро ба конститутсия дар асоси хабар ё ташаббуси худ муайян мекунад ва санадҳои хилофи конститутсияро ошкор намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд, ки онҳоро бекор намояд. Худи назорати конститутсионӣ чунин санадҳоро бекор карда наметавонад. Вале агар назорати конститутсионӣ якҷоя бо вазифаи контролӣ амалӣ гардад, дар он сурат метавонад онҳоро худаш бекор намояд ва беамал шуморад. Назорати конститутсиониро мақомоти гуногуни давлатӣ, ки амалӣ намудани он яке аз вазифаҳои онҳо мебошад, амалӣ мегардонанд (масалан, Президент, прокуратура). Вале чун қоида, назорати конститутсионӣ ба мақоми махсуси ваколатдоркардашуда — Кумитаи назорати конститутсионии ИҶШС супорида мешавад. Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз с.1990 Кумитаи назорати конститутсионии ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфта, то соли 1995 амал кард. Дар асоси Консгитутсияи ҶТ соли 1994 Суди конститутсионии ҶТ аз соли 1995 ба фаъолият шурӯъ карда, ҳоло вазифаи назоратию контролиро ба уҳда дорад. Назорати конститутсионӣ аз рӯйи сифатҳои худ ба чандин намудҳо: назорати берунаи конститутсионӣ, назорати дохилии конститутсионӣ, назорати конститутсионии факултативӣ, назорати конститутсионии баъдина, назорати конститутсионии пешакӣ ва ғайра ҷудо мешавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 323