Назорати конститутсионии баъдина
Назорати конститутсионии баъдина - тафтиши мувофиқати меъёрҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия дар ҳолатҳое, ки ин меъёрҳо эътибор пайдо кардаанд. Назорати конститутсионии баъдина нисбат ба назорати пешакӣ зиёдтар паҳншуда мебошад. Он ҳамеша дар мамлакатҳои назорати конститутсионии омехта ба кор бурда мешавад. Дар низоми назорати марказонидашуда низ он ҷои муҳимро ишғол мекунад, дар Австрия, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Италия, Испания, Белгия ба кор бурда мешавад. Назорати конститутсионии баъдина ба тафтиши конститутсионӣ будани санадҳое имкон медиҳад, ки дар вақти қабули онҳо вуҷуд надошт, ё ки дар он вақт воситаи чунин тафтиш мавҷуд набуд, ё ки чунин воситаи тафтишот вуҷуд дошт, вале бо сабабе он истифода нашуда буд. Назорати конститутсионии баъдина имкон медиҳад мувофиқати санадҳое тафтиш гардад, ки то қабули Конститутсияи мамлакат бароварда шуда буданд (ниг. ба Назорати конститутсионӣ).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 321-322