Назорати парлумонӣ
Назорати парлумонӣ - яке аз вазифаҳои асосии парлумон баробари фаъолияти қонунгузорӣ ва молиявӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои анъанавии парлумон мебошад. Дар ҳолати аз фаъолияти ҳукумат қаноатманд набудани парлумон масъалаи ҷавобгарии сиёсии ҳукумат бармеояд (изҳори нобоварӣ, қарордоди маҳкумкунӣ, талаб кардани эзоҳоти махсус). Назорати парлумонӣ метавонад дар шаклҳои берун аз истеъфои ҳукумат амалӣ гардад (ташкили комиссияҳои тафтишотӣ, шунидани баёнот, дарҳост). Бо ихтиёри парлумон тарзи ҷавобгарии ҳуқуқии аъзои Ҳукумат - импичмент ба амал медарояд. Назорати парлумонӣ ду шакл - сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дошта метавонад, ки ду шакли гуногуни таносубан ҷавобгар - сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Ин ду шакл бо роҳҳои гуногун ва аз тарафи мақоми гуногун амалӣ гардонда мешавад. Сиёсӣ -дар назди худи парлумон, ҳуқуқӣ - чун қоида, дар суд. Дар натиҷаи ба ҷавобгарии сиёсӣ ҷалб кардан шахси гунаҳкор аз ҳокимият сабукдӯш мегардад. Дар натиҷаи ба ҷавобгарии хуқуқӣ кашидан шахс аз ҳокимият дур карда мешавад, чунки имкони ҷазои ҷиноӣ пайдо ме- шавад. Ҳар ду шакли назорат бо риояи қатъии расму қоидаҳое, ки дар Конститутсия ва санадҳои дигар (дастури палатаҳо) муайян шудаанд, амалӣ мегарданд. Назорати парлумонӣ дар ҳадди гуногун ба ҳамаи мамлакатҳои демократии шакли идораи гуногун хос асг. Аз ҳама равшантар он дар давлатҳои шакли идораи парлумонӣ инъикос меёбад. Вале дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҳукумат дар назди парлумон пешбинӣ нашудааст (ниг. ба Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Ҳукумат, Импичмент, Тафтишоти парлумонӣ, Масъулияти сиёсии Ҳукумат).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 325