Насаби ҳамсарон ҳангоми бастани никоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Насаби ҳамсарон ҳангоми бастани никоҳ - мувофиқи м. 33 КО ҶТ зану шавҳар ҳангоми бастани никоҳ аз рӯи хоҳиши худ насаби яке аз ҳамсаронро ба сифати насаби умумии худ интихоб мекунанд, ё ҳар кадоми онҳо насаби пештараи худро нигоҳ медоранд, ё ба насабаш насаби ҳамсари худро илова мекунад. Агар зану шавҳар ё яке аз онҳо насаби дукарата дошта бошанд, он гоҳ ба ҳам пайвастани насабҳо мумкин нест. Масъалаи интихоби насаб кори ихтиёрии никоҳшавандагон буда, озодона ва бидуни дахолати дигарон сурат мегирад. Амалияи мақомоти САҲШ ва натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳангоми бастани никоҳ аксари занон насаби шавҳари худро интихоб менамоянд. Хоҳиши зану шавҳар барои доштани як насаб комилан қонунист. Ин хоҳиш махсусан вақти таваллуди кӯдак ҳақ мебарояд. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки насаби худро дар ҳолатҳои дар қонун пешбининамуда тағйир диҳанд, ислоҳ ва дигаргун намоянд. «Бо хоҳиши якҷояи волидон то ба синни 16-солагӣ расидани кӯдак мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад, ки бо назардошти манфиати кӯдак барои тағйир додани номи кӯдак иҷозат диҳад, инчунин фамилияи ба ӯ додашударо ба фамилияи падар ё модараш иваз кунад», — гуфта шудааст дар м. 59 КО ҶТ. Чунин ивазкунӣ тибқи м. 58 КО ҶТ ба ҳамроҳ кардани пайвандҳои «зод», «зода», «й», «пур», «духт», ё унсурҳои«пури», «духти» ва ё бо тартиби баъди номи кӯдак илова кардани номи падар амалӣ мешавад. Дар ҷумҳурӣ дигар кардани насаб дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок имконпазир мебошад (дағалии насаб, мушкилӣ дар талаффузи он ва ғайра). Дигар кардани насаб бо иҷозати мақомоти шуъбаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии САҲШ сурат мегирад. Дар ҳолатҳои зерин ба дигар кардани насаб иҷозат дода намешавад: агар аризадиҳанда зери таҳқиқу тафтишоти суд қарор дошта бошад; доғи судӣ дошта бошад, ё ба он аз ҷониби мақомоти давлатӣ норозигии асоснок изҳор шуда бошад. Бояд дар назар дошт, ки агар яке аз ҳамсарон насабашро дигар карданӣ бошад, насаби шахси дуюм ба таври фаврӣ тағйир намеёбад, насабро танҳо бо хоҳиши соҳиби он дигар кардан мумкин аст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 330