Насиба Содиқова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Насиба Содиқова
Насиба Нуруллоевна Содиқова
Санаи таваллуд:

3 май 1968(1968-05-03) (51 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои фалсафа

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Ҳизб:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мукофотҳо:

Ифтихорномаҳои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Насиба Нуруллоевна Содиқова - аз аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]

Зиндагинома[вироиш]

Насиба Нуруллоевна Содиқова 3 майи соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1985 мактаби миёнаи № 12 — и шаҳри Душанберо хатм намуда, ба факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1990 хатм намудааст. Аз соли 1990 то соли 2015 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, нозири кадрҳо, котиби илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ ва муовини директор оид ба илм кор кардааст. То интихоб ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ба ҳайси муовини директор оид ба илм ва таълими ҳамин Институт кор мекард.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Соли 2000 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Фалсафаи антропологии Мирзо Абдулқодири Бедил» ва соли 2007 рисолаи докториро аз рӯи мавзӯи «Фалсафаи Мирзо Абдулқодири Бедил» дифоъ намудааст. Дар давраи фаъолияти илмиааш 2 монография, зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – оммавӣ навиштааст. Таҳти роҳбарии илмиаш 7 нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуданд ва 3 нафар рисолаи худро барои дифоъ омода намуданд. Айни замон аъзои шӯрои дифои Д 047.019.01 аз рӯи ихтисосҳои таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва муовини раиси шӯрои дифои Д 047.019.02 аз рӯи ихтисосҳои фалсафаи фарҳанг, фалсафаи антропологӣ ва диншиносӣ, фалсафаи дин — оид ба ихтисосҳои фалсафӣ, аъзои шӯрои олимони Институти фалсафаи, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ мебошад. Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ», «Маҷаллаи илмҳои иҷтимоӣ — сиёсӣ» мебошад. Солҳои дароз дар кафедраи фалсафаи Раёсати академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантон дарс мехонд. Ҳамзамон дар макотиби олии Ҷумҳурӣ барои донишҷӯён дарси фалсафа, фарҳангшиносӣ мехонад. Соли 2002 сазовори рутбаи илмии дотсент ва соли 2015 рутбаи илмии профессор гаштааст. Соли 2001 дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон ва соли 2002 ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад. Дар конференсияҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он маърӯза намудааст. Котиби масъули конференсияҳои байналмилалӣ бахшида ба 960 -солагии Умари Хаём, 2700 — солагии «Авесто» ва 1025 солагии Ибни сино таъин шудааст.

Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад. Борҳо бо Ифтихорномаҳои Раёсати Академияи илмҳо сазовор гаштааст. Ду маротиба бо соати дастии хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.[2]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард
  2. СОДИҚОВА НАСИБА НУРУЛЛОЕВНА

Пайвандҳои беруна[вироиш]