Насриддин Садриддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Насриддин Садриддинов
Насриддин Талбакович Садриддинов
Санаи таваллуд:

18 май 1949(1949-05-18) (70 сол)

Зодгоҳ:

Ноҳияи Нуробод, ҶШС Тоҷикистон СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

иқтисодиёт

Ҷойҳои кор:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои иқтисод

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Насриддин Талбакович Садриддинов (тав. 18. 05. 1949, ноҳияи Комсомолобод), иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2009), дотсент (1983).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1970 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1970–1971 инспектори Вазорати иқтисоди ҶШС Тоҷикистон, 1971–1972 ассисенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1972–1975 дар аспирантураи Донишгоҳи Ленинград ба номи Жданов таҳсил кардааст. Солҳои 1975– 1983 ҳамчун муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Соли 1983 ба кафедраи фанҳои ҷамъиятии филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дар ш. Қурғонтеппа ба кор гузаштааст. Муаллифи зиёда аз 10 корҳои илмӣ мебошад.

Пайвандҳои беруна[вироиш]