Нашри қонун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нашри қонун - ба маълумоти умум расонидани қонун тавассути чопи он дар нашрияҳо мебошад. Нашри расмӣ ва ғайрирасмӣ мавҷуд аст. Нашри расмии қонун давраи алоҳидаи ҷараёни қонунгузорӣ мебошад. Нашри қонунҳо дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», маҷаллаҳои «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашри расмӣ ҳисоб мешавад. Дигар нашрияҳо (тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ) ҳуқуқ надоранд то нашри расмии қонуни қабулшуда онро чоп намоянд. Дар ин ҳолат онҳо уҳдадоранд, ки манбаи расмии нашрро нишон диҳанд. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 10) қонунҳо танҳо пас аз интишори расмиашон мавриди амал қарор мегиранд. Конунҳо аз рӯзи нашри расмӣ ва ё рӯзе, ки дар худи қонун (танҳо баъди нашри расмӣ) нишон дода шудааст, мавриди амал қарор мегиранд. Нисбати санадҳои зерқонунӣ чунин талабот пешбинӣ нагардидааст. Онҳо метавонанд дар рӯзи қабул ё рӯзе, ки дар онҳо нишон дода шудааст, мавриди амал қарор гиранд. Маҳдудият танҳо нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқие мавҷуд аст, ки онҳо ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои инсон дахл доранд. Ин санадҳо агар барои маълумоти умум ба таври расмӣ интишор нашуда бошанд, набояд татбиқ карда шаванд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 332