Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Наъно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наъно
Наъно
Наъно
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Mentha × piperita

Наъно (лот. Mentha × piperita), инчунин наъноъ, пудинаи боғӣ ва ҳулбӯи обӣ — гиёҳи бисёрсолаи хушбӯй аз ҷинси Пудина буда, ба оилаи лабгулҳо (Lamiaceae) мансуб аст. Он яке аз гиёҳҳои маъмули доруӣ ва ғизоӣ ба шумор меравад.

Баландии наъно одатан аз 50 то 100 см мерасад. Пояи он рост, сершоха ва баргҳояш байзашакли дарозрӯя мебошанд. Дарозии баргҳо 3–6 см ва барашон 1,5–2 см аст. Гулҳои он майда буда, ранги сурхтоби бунафш, гулобӣ ё бунафш доранд. Гулҳо хушбӯй ва сершаҳд мебошанд.

Наъно аз моҳи июн то сентябр гул мекунад. Меваи он чормағзаки бӯри сиёҳтоб буда, хеле кам тухм мебандад. Аз ҳамин сабаб онро бештар бо роҳи кишт ва тақсим кардани реша зиёд мекунанд.

Тахмин меравад, ки наъно дар натиҷаи дурагакунии ду намуди пудина — Mentha aquatica ва Mentha spicata ба вуҷуд омадааст.

Аз навъҳои маъруфи он инҳо бештар паҳн шудаанд:

  • сафеднаъно (Mentha piperita f. palescens)
  • сиёҳнаъно (Mentha piperita f. rubescens)

Аҳамияти ғизоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Наъно аз қадим ҳамчун сабзаҷоти маъмули ғизоӣ истифода мешавад. Дар таомҳои тоҷикӣ онро бо намудҳои гуногуни хӯрок, ош, салат ва нӯшокиҳо истифода мебаранд.

Абӯалӣ Сино низ наъноро ҳамчун гиёҳи муҳимми ғизоӣ ва доруӣ ёд кардааст.

Хусусиятҳои доруӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хусусиятҳои шифобахши наъно аз замонҳои қадим маълум буданд. Диоскорид, Ҷолинус, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ Сино ва Абӯрайҳони Берунӣ аз истифодаи доруии он ёд кардаанд.

Абӯалӣ Сино марҳамҳои аз наъно таҳияшударо барои:

  • дарди сар,
  • бемориҳои меъда,
  • зардпарвин,
  • дарди гӯш

истифода мебурд.

Дар фитотерапияи муосир наъно барои табобати ин бемориҳо истифода мешавад:

  • гипертония,
  • атеросклероз,
  • бемориҳои ҷигар,
  • иллати гурда,
  • бемориҳои рӯда ва меъда.

Истифода дар тибби муосир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби муосир бештар чунин қисмҳои наъно истифода мешаванд:

  • барг,
  • равғани эфирӣ,
  • ментол.

Онҳо барои муолиҷаи:

  • зиқи дил,
  • невралгия,
  • шақиқа,
  • бемориҳои илтиҳобии узвҳои ҳозима

корбурд доранд.

Асалпарварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Наъно гиёҳи сершаҳд мебошад. Занбӯри асал аз як гектар наънозор то 200 кг шаҳд ҷамъоварӣ мекунад.

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: