Наҳтулло Назаров
Таърихи таваллуд | 20 январ 1957 (67 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Фархор |
Наҳтулло Назаров (Назаров Наҳтулло Эмомович; 20 январи 1957, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб — 17 октябри 2020, Тоҷикистон) — доктори илмҳои кишоварзӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграри ва шуғли аҳолӣ, аз 17 марти соли 2005.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наҳтулло Назаров 20 январи 1957 дар ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудаст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наҳтулло Назаров аз соли 1983 омӯзгор, сипас, аспирант ва раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи кишоварзӣ буд, ки баъдтар сардори Раёсати кор бо ҷавонони ҳукумати шаҳри Душанбе таъйин шуд. Даҳ сол намояндаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд (2000—2010). Пас аз порлумон дар вазифаҳои раиси шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (2010—2017), муовини ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат (2017—2019) ва як соли ахири умр раиси дастгоҳи Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон кор кардааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Мотам дар соҳаи кишоварзӣ: ду олим, ду амакбача дар як рӯз фавтиданд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (17 октябри 2020). 9 ноябри 2021 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |