Неъматулло Ҳикматуллозода
Неъматулло Ҳикматуллозода | |
аз 3 феврали 2015 | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Шариф Раҳимзода |
|
|
Таваллуд |
7 май 1969 (55 сол) |
Таҳсилот | |
Ҷоизаҳо |
Неъматулло Ҳикматуллозода — ходими давлатӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2015)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Неъматулло Ҳикматуллозода 7 майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии халқи Москва ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро солҳои 1986-1987 аз техники шуъбаи меллиоратсия ва обтаъминкунии замини Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем»-и Кумитаи давлатии агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба сифати эксперти корхонаи хурди «Ориё»-и Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷиквнешторг», мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассис, сардори шуъбаи иқтисодии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ шуда фаъолият намудааст. Аз ноябри соли 2012 то феврали соли 2015 муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2015 то 24 январи соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]
Соли 2009 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ [http://www.president.tj/node/22194 Дар бораи аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода Н.](тоҷ.). www.president.tj. 18 май 2024 санҷида шуд.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 7 май
- Зодагони соли 1969
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Ходимони давлатӣ аз рӯи алифбо
- Вазирони Тоҷикистон