Нивелир
Нивелир (аз фр. niveler — «баробар намудан», «гузоштан дар сатҳ») — асбоби геодезиест барои нивелиронидан ва муайян намудани самтҳои горизонталӣ ҳангоми корхҳи монтажкунӣ. Бештар нивелирҳои оптики-механикӣ маъмул гаштаанд, ки дар онҳо фарқи баландии ду нуқта тавассути шуои (хати) визирии горизонталӣ аз рӯи тахтачаҳои махсуси дар нуқтаҳои тадқиқшававда гузошташуда муайян карда мешавад. Қисмҳои асосии нивелир обтарозу (ватерпас) ва ғулбаи биниш мебошанд.
Тариқи нивелиронидан
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба комплекти асбоб тахтачаҳои невелиронӣ низ мансубанд. Нивелирҳои обтарозуашон ба ғулбаи биниш васлшуда ва нивелирҳои обтарозуашон ба корпус васлшуда мавҷуданд. Пеш аз истифода хати визириро бо ёрии обтарозу ба ҳолати горизонталӣ меоранд. Дар нивелирҳои хати визириашон худ аз худ созшаванда ин кор ба таври автоматӣ иҷро мешавад. Барои зуд ба «нуқтаи нулӣ» овардани ҳубобчаи обтарозу ва баланд бардоштани саҳеҳӣ нивелирҳоро бо винти элеватсионӣ таъмии мекунанд. Нивелирҳо аз рӯи дараҷоти дақиқашон фавқуддақиқ, дақиқ ва техникӣ мешаванд. Баъзан нивелирҳои ҳидростатикиро, ки дар онҳо хосияти зарфҳои марбут истифода шудаанд, низ кор мефармоянд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Куштин И. Ф., Куштин В. И Инженерная геодезия.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Dumpy level Бойгонӣ шудааст 8 марти 2008 сол. (англ.)
- Нивелиры: их устройство, поверки, исследования
- Нивелир Бойгонӣ шудааст 26 Декабри 2017 сол. на сайте о геодезии и геоприборах
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.