Низоми дуҳизбӣ
Низоми дуҳизбӣ - як навъи низоми бисёрҳизбиест, ки дар доираи мавҷудияти ҳизбҳои зиёди сиёсии барои ҳокимият воқеан рақобаткунанда амал мекунад. Фақат дутои онҳо ҳукуматро навбат ба навбат ташкил мекунанд, агар яке ҳукуматро ташкил кунад, дигаре мухолифи он мебошад. Дар натиҷаи интихобот онҳо бо навбат ҷойи худро иваз мекунанд. Бо ҳамин як навъ инҳисорӣ ба моликият муқаррар гардида, то ҳадди ақал имкони интихоби вакилони парлумон ё сарвари давлат маҳдуд мегардад. Дар чунин шароит ҳизбҳои асосӣ аз ҳимояи фақат доираи маҳдуди интихобкунандагон дур гардида, манфиати умумро барои ифода кардан кӯшиш менамоянд. Аз ин рӯ, дар байни барномаи ҳизбҳо, хусусан дар қисми иҷтимоӣ-иқтисодӣ бештар вақт тафовути ҷиддӣ намемонад ва дар интихобот нақши хусусиятҳои шахсӣ, анъанаҳо дар байни интихобкунандагони ҳизбӣ бартарӣ дорад. Дар низоми дуҳизбӣ дар ҳаёти сиёсӣ ҳизбҳои дигар низ иштирок менамоянд, вале таносуби қувваҳои ҳизбӣ ва низоми интихоботии мавҷуда барои ба ҳокимият омадани онҳо монеъ мегардад. Низоми дуҳизбӣ вазъи нисбатан устувори ҳукуматро бо роҳи такя ба аксарияти парлумонӣ таъмин мекунад, ки бо ҳамин самаранокӣ ва пойдории ҳокимияти иҷроия ба даст оварда мешавад. Дар давлатҳои дорои низоми дуҳизбӣ зарурат ба ҳукумати коалитсионӣ кам ба вуҷуд меояд. Чунки ҳизбҳои аз ҳама калон барои нигоҳ доштани имтиёзи худ дар ҳокимият ба кӯшишҳои барпо кардани ҳизби сеюми сиёсӣ, ки барои ҳарифӣ ба ҳокимият лаёқат дорад, ҳушёрона назорат мебаранд ва бо ҳар роҳ ба афзоиши таъсиру нуфузи он дар байни интихобкунандагон монеъ мегарданд. Вале чунин амал дар давлатҳои демократӣ шакли дағали зӯриро намегирад, балки бо роҳи расонидани таъсири ғоявӣ ба интихобкунандагон афзоиши таъсири ҳизби сеюми сиёсӣ таъмин мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қувваи ҳар ду ҳизбҳои сиёсии калон тақрибан баробар аст, мавчудияти ҳизби сиёсии сеюм ҳатто зарур аст, чунки ҳеч яке аз онҳо бе иттифоқ бо ҳизби сеюм бартарии худро нигоҳ дошта наметавонанд. Низоми дуҳизбӣ вобаста ба шакли идора ва шакли сохти давлатӣ бо тарзҳои гуногун инъикос меёбад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шароити ҷумҳурии президентӣ зиёда аз сад сол инҷониб ҳокимияти давлатиро Ҳизби ҷумҳуриҳо ва Ҳизби демократӣ ба ҳам мебинанд, аммо азбаски Президент ва Конгресс дар интихоботи умумӣ интихоб мешаванд, ҳизбияти Президент ва мақомоти намояндагӣ фарқ мекунад, ки дар байни ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор ихтилоф ба вуҷуд меорад. Дар Англия (шоҳигарии парлумонӣ) низоми дуҳизбӣ аз Ҳизби консервативӣ ва Ҳизби лейбористӣ иборат буда, яке аз онҳо воқеан дар парлумон ҳамеша аксариятро соҳиб мешавад ва ҳуқуқи ташкили ҳукуматро пайдо мекунад. Дар ин ҳолат ба «ҳукумати улёҳазрат» «мухолифини улёҳазрат» муқобил меистад, ки низоми ҳокимияти демократӣ ва самаранокро таъмин намуда, ҳокимияти давлатиро аз хатар эмин нигоҳ медорад (ниг. ба Низоми бисёрҳизбӣ, Низоми ҳизбӣ, Ҳизбҳои сиёсӣ).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 335