Jump to content

Низоми интихоботии мутаносиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Низоми интихоботии мутаносиб - яке аз намудҳои низоми интихоботӣ буда, дар шароити бисёрҳизбӣ амал мекунад. Намуди дигари низоми интихобот-низоми интихоботии мажоритарӣ мебошад. Дар низоми интихоботии мутаносиб интихобкунанда на барои номзади муайян, балки ба яке аз рӯйхате, ки ҳизби сиёсӣ ё иттиҳоди интихобкунандагони барои иштирок дар интихобот роҳдодашуда пешниҳод кардаанд, овоз медиҳад. Барои роҳ дода шудан ҳизбҳо ё иттиҳоди интихобкунандагон бояд ба баъзе талабот ҷавоб диҳанд. Тарзи гузаронидани низоми интихоботии мутаносиб вобаста ба ташкили он дар ҳавзаҳое, ки мувофиқи тақсимоти марзию маъмурии мамлакат барпо ёфтааст, ё ки ҳамаи мамлакат як ҳавзаи интихоботӣ шуморида мешавад, аз якдигар фарқ доранд. Дар ҳолати якум аз ҳавзаи интихоботӣ (вилоят, ноҳия, шаҳр) шумораи муайяни вакилон, ки ба шумораи аҳолии ҳавзаи мазкур мувофиқ аст, интихоб мешаванд. Барои ин дар арафаи интихобот вобаста ба шумораи аҳолии ҳавзаи мазкур шумораи вакилони аз он интихобшаванда муайян карда мешаванд. Вобаста ба ин шумораи интихобшавандаҳо дар ҳар ҳавза фарқ мекунад, вале чандон зиёд нест. Ҳар ҳизб ё иттиҳоди ба интихобот роҳдодашуда рӯйхати номзадҳои худро аз ин ҳавза пешниҳод мекунад. Дар ҳолати дуюм, вақте ки тамоми мамлакат ҳавзаи ягонаи интихоботӣ, рӯйхати ҳар ҳизб ё иттиҳодия метавонад бо шумораи ҷойи дар парлумон ишғолшаванда, ки он дар тамоми мамлакат як аст, баробар ( ё қадре зиёд) бошад. Чунин тарзи интихоботи парлумонӣ одатан дар давлатҳои начандон калон (Литва, Исроил) гузаронда мешавад. Вобаста ба натиҷаи овоздиҳӣ дар тақсими овозҳои ҳақиқӣ ба ҳизб ҳамон қадар ваколатнома рост меояд, ки бо роҳи математикӣ бо овозҳои мувофиқи рӯйхат гирифтаи ҳизб баробар аст. Баробари ин тарзи гуногун истифода мешавад, ки усули интиҳоии муайянкунии ҳисса (квота) тақсими шумораи умумии овозҳои ҳақиқӣ ба миқдори ваколатҳои бандшаванда мебошад, тақсими ваколатнома бошад, вобаста ба шумораи овозҳои мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ гирифташуда ҳисса ҷудо карда мешавад, вале овозҳои баъдинаи он боқӣ монда, дар байни ҳамаи рӯйхатҳо тақсим мешаванд. Бартарии низоми мутаносиб нисбат ба низоми мажоритарӣ дар он аст, ки он дар шароити низоми устувори нисбатан камшумори ҳизбӣ имкони зиёде медиҳад, ки дар парлумон ҳамаи равияҳои асосии сиёсии мамлакат пешниҳод гарданд. Арзиши дигари он ҳамин аст, ки имкон медиҳад дар вақти тақсими ваколатнома ҳамаи овозҳо ба эътибор гирифта шаванд, дар низоми интихоботи мажоритарӣ бошад, шумораи хеле назарраси овозҳо гум мешаванд. Вале ин қиматро бо роҳи муқаррар кардани ҳар гуна монеа беқадр кардан мумкин аст. Агар дар низоми интихоботии мутаносиб шумораи зиёди ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намоянд, ин бисёр вақт ба он оварда мерасонад, ки парлумон камқудрат шуда, дар он ҳизбу гурӯҳҳо боиси камсуботии ҳукумат мегарданд. Барои пешгирии ин ҳолат қоидае муқаррар карда мешавад, ки дар тақсими ваколатнома он ҳизбу иттиҳодияҳое иштирок намекунанд, ки рӯйхати онҳо аз фоизи муқарраршуда кам овоз гирифтаанд. Вале агар ин фоиз 5 ва аз он зиёд муқаррар гардад, дар ҳолати сершумории ҳизбу иттиҳодияҳои дар интихобот иштирок карда, усули тақсими адолатноки овози интихобкунандагон вайрон мешавад. Ин яке аз ихтилофи низоми интихоботи мутаносиб мебошад. Камбудии дигар хислати бешахсии ин низом аст: чунки ҳар қадар рӯйхат дароз бошад, барои интихобкунанда дар бораи номзадҳо маълумот пайдо кардан ҳамон қадар душвор асг. Барои сабук кардани ин нуқсон дар баъзе мамлакатҳо тартиби махсуси овоздиҳӣ (преференсиалӣ) муқаррар карда шудааст, ки мувофиқи он интихобкунанда баробари ба рӯйхат овоз додан, инчунин метавонад дар рӯйхат нишон диҳад, ки киро якум ва киро дуюм мешуморад. Вале чунин тарзи озодона овоздиҳӣ дар ҳолати камшумор будани рӯйхат самаранок аст; гузарондани интихобот дар ҳавзаи ягонаи интихоботӣ ин имкониятро намедиҳад. Низоми мутаносиб бештар дар қитъаи Аврупо паҳн гаштааст (Австрия, Швейтсария, мамлакатҳои Скандинавия, Нидерланд, Испания ва ғайра). Интихоботи Парлумони аврупоӣ бо ҳамин низом гузаронида мешавад. Барои ҳамвазн кардани бартарӣ ва камбудии низоми мажоритарӣ аз як тараф ва низоми мутаносибӣ аз тарафи дигар, дар чандин мамлакатҳо низоми омехтаи интихоботӣ гузаронида мешавад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи интихоботи мажоритарӣ ва қисми дигар ба тариқи интихоботи мутаносиб интихоб карда мешаванд (ниг. ба Низоми интихоботи омехта).[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 339-340