Низомулмулки Тӯсӣ
форсӣ: نظامالملک | |||||||
| |||||||
|
|||||||
|
|||||||
Таваллуд |
1018[1][2][3][…] |
||||||
Даргузашт |
14 октябр 1092[4][5] |
||||||
Мадфан | |||||||
Ном ҳангоми таваллуд | Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибнӣ Исҳоқи Тусӣ | ||||||
Фарзандон | Ahmad Ibn Nizam al-Mulk[d] | ||||||
Эътиқод | суннӣ | ||||||
![]() |
Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибнӣ Исҳоқи Тусӣ (форсӣ: ابوعلی حسن پسر علی پسر اسحاق طوسی; 1018[1][2][3][…], Тус, Давлати Ғазнавиён — 14 октябр 1092[4][5], Саҳна, Салҷуқиён ё Бурӯҷирд, Салҷуқиён), бештар маъруф ба номи Низомулмулк — вазири давлатдории Салҷуқиён, муаллифи асари «Сиёсатнома».
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Абу Али ал-Ҳасан ибн Али ибн Исҳоқ ат-Тусӣ соли 1018 дар шаҳри Туси Эрон ба дунё омадааст. Низомулмулк (тахаллуси дарборӣ) дар замони ҳукуматдории султони Салҷуқӣ Алпарслон (ҳукумронӣ 1063—1072) вазири давлати Салҷуқиён шуда буд. Нақши вазир Низомулмулк (1063—1092) (Низомулмулки Тусӣ) баҳри шукуфоиву тараққии давлатдории Салҷуқиён ниҳоят бузург аст. Ӯ ба таҷрибаи хонадони Сомониён ва Ғазнавиён такя карда, империяи боазамати Салҷуқиёнро ба низоми муайян даровард. Худсариву саркашии сипоҳиёни туркман ва ашрофу рӯҳониёни тоҷикро низ то андозае пешгирӣ кард. Маҳз дар даврони вазорати ин вазири донишманд давлатдории Салҷуқиён ба дараҷаи баландтарини худ расид.
Саҳми Низомулмулк[вироиш | вироиши манбаъ]
Низомулмулк бо ташкили мактабҳои диние, ки бо номи ӯ ба «Низомия» маъруф буданд, табақаи рӯҳониёни расмии ба давлат тобеъ бо эътиқоди аҳли суннатро тарбият намуда, бар муқобили ҳамагуна зуҳуроти иҷтимоӣ мубориза мебурд. Низомулмулк бо мазҳаби исмоилия — мухолифини сарсахти cалҷуқиён мубориза бурд ва аз ҷониби фидоиёни исмоилӣ ба қатл расонида шуд.[6] Низомулмулк 14 октябри соли 1092 дар Наҳованд (ҳоло дар Озарбойҷон) ба хок супорида шудааст.
Сиёсатнома, асари Низомулмулки Тӯсӣ cолҳои 1091—1092 навишта шудааст. Дар асари «Сиёсатнома»-и ӯ таърихи давлатдории мамолики исломӣ оварда шудааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ 1.0 1.1 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Universalis (фр.) — Encyclopædia Britannica.
- ↑ 3.0 3.1 Faceted Application of Subject Terminology
- ↑ 4.0 4.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 5.0 5.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с.126.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Niẓām al-Mulk(англ.). Encyclopædia Britannica. 14 октябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 феврали 2012.
- Bowen H., Bosworth C. E. Nizam al-Mulk(англ.). Encyclopedia of Islam. 14 октябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 феврали 2012.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |