Алпарслон
Муҳаммад ибни Чағрибек Довуд | |
1063 — 1072 | |
|
|
Таваллуд | 1029 |
Даргузашт |
1072 |
Мадфан | |
Дудмон | Салҷуқиён |
Падар | Chaghri Beg[d] |
Ҳамсар | Seferiye Hatun[d] |
Фарзандон | Malik-Shah I[d], Tutush I[d], Toghan-Shah (son of Alp Arslan)[d], Arslan Arghun[d], Buri Bars[d], Sifri Khatun[d] ва Aysha Khatun[d] |
Эътиқод | суннӣ ва ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алпарслон (форсӣ: ألب أرسلان; Муҳаммад ибни Чағрибек Довуд; 1029 – 1072) — султони Салҷуқӣ. (ҳукумронӣ 1063 – 1072).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бародари Туғрулбек – нахустин султони Салҷуқиёни Бузург. Лақабаш «Абу Шуҷоъ Изудуддавла, Зиёуддин». Алпарслон баҳори 1063 дар Қазвин бародараш Сулаймонро аз сари қудрат барканор карда, худ бар тахт нишаст. Алпарслон Хоҷа Низомулмулки Тусиро вазири худ таъйин намуда, бо кумак ва ҳимояти ин вазир барои муттаҳид кардани ду бахши давлатдории Салҷуқиён (шарқӣ ва ғарбӣ) иқдом кард. Дар замони Алпарслон ва писараш Маликшоҳ, давлатдории бузурги Салҷуқиён ба авҷи худ расид.
Алпарслон бо хилофати Аббосиён сулҳ барқарор кард. Дар машриқ Хоразм ва Афғонистони Ғарбӣ аз тасарруфи Ғазнавиён озод ва ба давлати Салҷуқиён ҳамроҳ гардиданд. Алпарслон бо мақсади васеъ кардани қаламрави худ ба Гурҷистон (1063), Арманистон, (1064), Озарбойҷон (1065 – 1066), Осиёи Марказӣ юриш кард. Вай дар ин сол Хоразм, қалъаи Манқишлоқ ва тамоми манотиқи шимол шарқии дарёи Хазарро тасарруф намуд. Вилоятҳои Ҷанд ва Саброн низ тобеи Алпарслон шуданд. Алпарслон таваҷҷуҳи хосе ба давлатдории Византия дошт ва соли 1071 дар мавзее назди дарёчаи Ван сипоҳи Византияро шикаст дод. Бо ин иқдом вай дарвозаҳои он сарзаминро бар рӯи юришҳои туркон кушуд. Пас аз пирӯзиҳои пай дар пайи худ, Алпарслон саъй кард то иртиботи хубе бо умарои Самарқанд, Бухоро ва вилоятҳои Фарғонаву Туркистон дошта бошад. Ба ин манзур ӯ бо хонҳои қарохонӣ сиёсати оштиҷӯёнаро пеш гирифт. Вай бо духтари фармонравоии Кошғар ва Хутан – Қадрхон Юсуф издивоҷ кард ва писараш Маликшоҳ ҳам яке аз духтарони хони қарохониро ба занӣ гирифт. Бо вуҷуди ин дар охирҳои ҳукумати Алпарслон миёни салҷуқиён ва қарохониён ихтилофе ба миён омад. Тирамоҳи 1072 Алпарслон бо лашкари бисёре аз Ҷайҳун гузашта, ба тасарруфи шаҳрҳои Мовароуннаҳр оғоз кард ва сипоҳи ӯ то навоҳии Бухоро расид. Аммо ин лашкаркашӣ нима монд. Вайро ҷосусе захмӣ кард ва пас аз се - чаҳор рӯз даргузашт. Ӯро дар канори падараш дар Марв ба хок супурданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.