Николай Беседнев
Николай Александрович Беседнев | |
Таърихи таваллуд | 26 апрел 1903 |
Зодгоҳ | Гурҷистон, ҶШС Гурҷистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1986 |
Маҳалли даргузашт | Киев |
Кишвар | Иттиҳоди Шӯравӣ |
Фазои илмӣ | хокшинос |
Ҷойҳои кор | Институти таҳқиқоти илмии хокшиносии Тоҷикистон, Институти таҳқиқоти илмии гидромеханика ва мелиоратсияи Украина |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Николай Александрович Беседнев (26.4.1903, Ахомчалаки Гурҷистон – 1986, ш. Киев), хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ (1956), профессор (1959).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Беседнев солҳои 1934–1948 мудири шуъба, муовини директори Институти таҳқиқоти илмии хоҷагии оби Гурҷистон, 1948–1955 муовини директори Инти таҳқиқоти илмии гидромелиоратсияи Озарбойҷон буд. Соли 1955 ба Тоҷикистон омада, ба сифати мудири бахш ва муовини директори Институти таҳқиқоти илмии хокшиносӣ (1957–1961) ва мудири кафедраи геодезия ва мелиоратсияи Институти кишоварзии Тоҷикистон (1961–1962) фаъолият намудааст. Аз соли 1962 корманди Институти таҳқиқоти илмии гидромеханика ва мелиоратсияи Украина буд. Дар усули шустани шӯрхокҳо, роҳҳои баланд бардоштани ҳосили зироат ва ғ. як силсила таълифот дорад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мелиорация засоленных почв. М., 1958;
- Вопросы мелиорации засоленных почв Вахшской долины. Сталинабад, 1958;
- Рассоление почвогрунтов ниже дна горизонтальных дрен. Сталинабад, 1960.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.