Новелла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Новелла - (итолиёвӣ. novella - навигарӣ) — яке аз жанрҳои хурди адабии наср, ки аз ҷиҳати ҳаҷм монанди ҳикоя (ҳикоятҳои "Гулистон (асар)"- и Саъдӣ, "Баҳористон"- и Ҷомӣ ва ғайра) монанд буда, воқеаҳои дарбаргирифтааш аз ҳикоя фарқ мекунад. Аз рӯи гуфтаи И. Ҳоте новелла "воқеаи мислаш диданашудае, ки дар ҳаёт рӯй медиҳад".

Таърихи пайдоиши жанр[вироиш | вироиши манбаъ]

Новелла ба сифати жанри мустақил бо ҳамин ном дар адабиёти давраи эҳёи Ғарб дар адабиёти Итолиё эҷод шуда, баъд дар адабиёти Англия, Фаронса, Испания ва дигарҳо паҳн шуд. Г. Мопасан, Антон Чехов ва дигарон устодони ин жанранд.

Дар адабиёти муосири тоҷик[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин жанр (новелла) дар адабиёти муосири тоҷик бо таъсири адабиёти рус пайдо шуд, ҳарчанд дар гузаштаи адабиёти тоҷик заминаи ба новелла монанд мавҷуд буд. Намунаҳои новелла дар ҳикоятҳои Ҳаким Каримов, Раҳим Ҷалил ва ғайра намудор аст.

Сарчашмаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]