Jump to content

Баҳористон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳористон
Нависанда Абдураҳмони Ҷомӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ ва арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Баҳористон» (форсӣ: بهارستان‎) — асари ахлоқию тарбиявии Абдурраҳмони Ҷомист, ки с. 1487 дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ чун китоби дарсӣ барои писараш Зиёуддин Юсуф (он вақт 10-сола буд) таълиф шудааст.

«Баҳористон» аз муқаддима ва ҳашт боб (равза) иборат аст:

  1. дар ҳикоёти орифон;
  2. дар шарҳи ҳикмати ҳакимон;
  3. дар ҳикоёти султонон;
  4. дар васфи ҷуду карам;
  5. дар баёни ишқу муҳаббат;
  6. дар мутоибот;
  7. дар зикри шоирон, таърифи шеър, ақсоми он;
  8. дар ҳикоёти тамсилӣ.

«Баҳористон» дар охирҳои умри Ҷомӣ навишта шуда, як навъ ҷамъбасти андешаву афкори мутафаккир мебошад. Муаллиф ҳангоми таълиф, пеш аз ҳама, мақсади тарбияи ҷавононе мисли фарзанди арҷмандаш Зиёуддини Юсуфро дошт. Ӯ навиштааст, ки «Чун дар ин вақти дилписанд фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф… ба омӯхтани муқаддамоти каломи араб ва андӯхтани қавоиди фунуни адаб иштиғол намуд,… гоҳ-гоҳе аз китоби „Гулистон“, ки аз анфоси шайхи номдор ва устоди бузургвор Муслиҳиддин Саъдии Шерозист… сатре чанд хонда мешуд. Дар он асно ба хотир омад, ки табаррукан… варақе чанд бар он услуб сохта шавад ва ҳарфе чанд бар он минвол пардохта гардад, то ҳозиронро достоне бошад ва ғарибонро армуғоне…

Гузаре кун дар ин баҳористон,
То бубинӣ дар ӯ гулистонҳо».

Дар «Баҳористон» ҳам аз зиндагонии ибратомӯзи шайхону орифон, ҳам аз андешаву афкор ва ҳикмати ҳакимони бузург, ҳам аз нақли амали хайри подшоҳон, ҳам аз ривояти ҷуду карами гузаштагон, ҳам аз тасвири гудози ишқ ва дӯстию вафодории дилбохтагон, латифаю мутоибаҳои халқӣ, ҳам аз зикри аҳвол ва ашъори шоирон — аз Рӯдакӣ то Навоӣ, ҳам аз ҳикоёти пандомӯзи тамсилӣ сухан рафтааст. «Баҳористон» асарест, ки дар он урфу одат ва хулқу хислати тамоми табақоти мардуми садаи 15 инъикос гардидааст. Забони он монанди асари Саъдӣ содаву равон ва фаҳмо буда, насри мусаҷҷаъ ва пораҳои шеърӣ онро зеб додаанд. Нақлу ҳикоёти дохилии равзаҳо ба ҳикояву латифаҳои дилкаши мардумӣ монанданд. Мавқеи устувори инсондӯстӣ низ Саъдиву Ҷомиро наздик мекунад ва аз умумияти қасду ҳадафи эҷодии ду суханвари нобиға дарак медиҳад. Ҷомӣ бисёр мавзӯъҳои «Гулистон»-ро дар хусуси адолат, ахлоқи дарвешон ва ишқу муҳаббати ҷавонӣ вусъат дода, дар навбати худ дар асараш адолати иҷтимоиро тафсилу таҳким менамояд. Вай аз ҳар як инсон тақозо мекунад, ки дар муносибат бо дигарон сидқу сафо, аҳду вафо ва хайру некиро ба кор андозад. Ба андешаи Ҷомӣ қадру қимат ва мақому манзалати волои инсон на вобаста ба аслу насабу мулку дороӣ, балки ба маънавиёти ғанӣ ва ақлу хиради ӯ аст:

Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.

Яке аз иллатҳои қабеҳтарин ва маъмултарини инсонӣ дар ҷамъияти Ҳироти нимаи дуюми а.15 майхорагӣ ва бадмастӣ буд. Ба қавли Ҷомӣ, шаробу май душмани ақлу ҳуш, зоилкунандаи донишу биниш, фосидкунандаи ахлоқ ва сарчашмаи хабисиҳо буда, шахси майхора наметавонад, ки байни хубу зишт, некию бадӣ, ҳалолу ҳаром, дӯстиву душманӣ фарқ гузорад.

«Баҳористон» дар тазмини «Гулистон» мебошад. Танҳо боби 3-юми «Баҳористон» ба боби 1-уми «Гулистон» ва боби 5-уми ҳар ду китоб дар як мавзӯъ буда, мавзӯоти бобҳои 2, 3, 4, 6, 7, 8-и «Баҳористон» тамоман нав аст. Фарқи дигари «Баҳористон» аз «Гулистон» он аст, ки Саъдӣ бобҳои китоби худро бе муқаддима оғоз кардааст, аммо Ҷомӣ дар оғози ҳар равза бо унвони «Фоида» муқаддимаи хурде меорад, ки он моҳият, мавзӯъи бобро муайян мекунад. Шоир хотимаи «Фоида»-ҳоро ҷамъбаст менамояд. Чунончи, равзаи чаҳорум, ки «Дар васфи мевабахшии дарахтони боғистони ҷуду карам ва шукуфарезиашон бе базли динору дирам» ном дорад, бо чунин «Фоида» оғоз меёбад: «Ҷуд — бахшидани чизест, боистӣ бе мулоҳизаи ғараз ва мутолабаи иваз, агарчи он ғараз ё иваз санои ҷамил ё савоби ҷазил бошад».

Ақидаҳои нависанда, ки дар «Баҳористон» ифода ёфтаанд, хеле гуногун ва баъзан мухолифи якдигаранд. Лекин Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси халқпарвару ватандӯст, озодихоҳу адолатҷӯ ва хайрхоҳ ҷамъиятро ба ду гурӯҳ: золимон ва мазлумон тақсим менамояд ва бар зидди зулму ҷабр ва тааддию бедодгарӣ баромада, давлатмандро ба саховат ва бечорагонро ба қаноат даъват карда, бо ҳамин адлу инсофро тарғиб намуда, бар зидди худбинию худпи¬сандӣ ва ҳарисию хасосат, бераҳмию беинсофӣ ва ҷангу ҷидол мебарояд. Ин нуқсонҳоро сабаби фалокати ҷамъият ва вайронии мамлакат дониста, аз онҳо роҳи халосӣ меҷӯяд ва ин роҳро дар сохти подшоҳие мебинад, ки дар он шоҳи одил ҳукмрон бошад.

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,
Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.
Адли бедин низоми оламро
Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.

Ба ақидаи Ҷомӣ, адолат сифати ягонаест, ки ба подшоҳ обрӯ ва шаъни ҷовидонӣ меорад. Ӯ салтанатро ба хайма ташбеҳ дода, ростӣ ва адлро сутунҳои он меҳисобад ва саволомезона хитоб менамояд:

Гар набошад сутуни хайма ба ҷой,
Чун ситад хайма бе сутун бар пой?

Дар «Баҳористон» Искандару Анӯшервон чун чеҳраҳои подшоҳони ормонӣ ва Ҳаҷҷоҷ, ки ба золимӣ машҳур буд, ҳамчун акси онҳо тасвир ёфтааст. Лекин шоир ба ҳама адолат кардани подшоҳро тарғиб намекунад. Баръакс, мувофиқи ақидаи ӯ, подшоҳ ҳар қадар бо росткорону накӯкорон боиноят бошад, бояд ҳамон андоза бо золимон ва одамони бадкирдор бераҳм шавад. Ҷомӣ аз номи Бузургмеҳр ҳамон подшоҳро беҳтарин ҳисоб мекунад, ки «покизагон аз вай эмин бошанд ва гунаҳгорон аз вай битарсанд»:

Шоҳ он бошад, ки равшанхотиру бихрад бувад,

Некӯвонро ҳол аз ӯ неку бадонро бад бувад.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» сафҳаи даҳр — рӯйи оламро ба дафтари умри ҳама халқ ташбеҳ намуда, гуфтааст, ки дар он хуррам касест, ки рақами хайр кашиду асари хайр гузошт:

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд, чу андеша гумошт:

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Таъсири «Баҳористон» ба «Парешон»-и Қоонӣ, «Мулистон»-и Тамкин ва монанди инҳо бузург аст. Шоири суфимашраби форсизабони Югославия Фавзӣ (а. 17) асари худ «Булбулистон»-ро маҳз ба сабку пайравии «Баҳористон» навиштааст. «Баҳористон» ба забони лотинӣ (1778), олмонӣ (1935, 1964 ва 1981), чехӣ (1957), озарбойҷонӣ (1964), русӣ (1964) тарҷума шуда, ба табъ расидааст. Дар Тоҷикистон «Баҳористон» соли 1966 ва 2008 чоп шудааст. Адабиёт: Абдурраҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Д., 2008.