Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Нодин Гурдимер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нодин Гурдимер
англ. Nadine Gordimer
Таърихи таваллуд 20 ноябри 1923(1923-11-20)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 июли 2014(2014-07-13)[5][1][2][…] (90 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ (табаият)
Таҳсилот
Навъи фаъолият шоир, нависанда, румоннавис, намоишноманавис, қиссанавис, scientific editor, насрнавис
Солҳои эҷод 19392012
Жанр румони кӯтоҳ
Забони осор инглисӣ[1][6]
Ҷоизаҳо
IMDb ID 0329919
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Нодин Гурдимер (англ. Nadine Gordimer; 20 ноябри 1923[1][2][3][…], Спрингс[d], устони Тронсфол[d], Иттиҳодияи Африқои Ҷанубӣ[d][4]13 июли 2014[5][1][2][…], Йоҳаннесбург[2]) — нависандаи ингисизабон ва ходими сиёсии Африқои Ҷанубӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи донишгоҳи Ёҳаннесбург; дар донишгоҳҳои ИМА таърихи адабиёту ҳунарро дарс медод. Аз наврасӣ ба навиштан пардохт ва нахустин ҳикояаш «Эй фардо, баргард» дар маҷаллаи «Форум» (1939) ба табъ расид. Дар маҷмӯаи ҳикояҳои «Рӯ ба рӯ» (1949), «Забони ширини мор» (1952), «Шаш фут аз деҳкада» (1956) таъсири модернизм (М. Пруст, В. Вулф ва дигарон) ба назар мерасад. Дар ин ҳикояҳо муноқишаҳои равоние тасвир карда шудаанд, ки дар партави онҳо воқеияти опортеид (табъизи нажодӣ) ҳувайдост. Дар романҳои «Рӯзҳои фиребанда» (1953), «Сарзамини бегонагон», «Охирин дунёи буржуазӣ» (1966) ба буҳрон дучор омадани ғояҳои либерализми сафедпӯстон инъикос ёфтааст. Романҳои дигари Г. «Меҳмони фахрӣ» (1970), «Духтари Бургер» (1979), «Хонаводаи Жулия» (1981) шомили эътироз аз сиёсати давр мебошанд. Дар онҳо нигориши лирикию психологӣ нисбат ба таҳкивӣ ва ҳамосӣ камтар аст. Дорандаи мукофоти Нобел (1991).