Jump to content

Нозирҷон Арабзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нозир Арабзода (Қулматов))
Нозир Арабзода
Қулматов Нозирҷон Арабович
Таърихи таваллуд 20 декабр 1940(1940-12-20)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт
Таърихи даргузашт 5 март 2004(2004-03-05) (63 сол)

Нозирҷон Арабзода (Қулматов Нозирҷон Арабович; 20 декабри 1940, Ашт — 5 марти 2004, Душанбе) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1997), профессор (2001).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нозир Арабзода 20 декабри соли 1940 дар деҳаи Ашт дар хонадони зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи Умари Хайёми деҳаи мазкурро бо медал хатм кардааст (1957). Шуъбаи филологияи тоҷики Факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо дипломи сурх хатм намудааст (1962). Аспиранти шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1962—1965), ходими хурди илмӣ (1965-68), ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон(1968—1970), дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1970—1994), дотсенти кафедраи фалсафаи маданият Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994—1996),[1] дотсент ва сипас профессори кафедраи адаб ва фарҳанги Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат (1996—1999), профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (1999—2004). Дар донишгоҳҳои кишвар Нозир Арабзода аз таърихи фалсафа, аз ҷумла таърихи фалсафаи тоҷик дарс медод.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз вежагиҳои барҷастаи осори Нозир Арабзода диққат, вусъат ва умқи пажӯҳиши мавзӯъ аст. Ӯ нахустин бор таҳлили комилу ҷомеи таълимоти диниву фалсафии Носири Хусравро пешниҳод кардааст, масъалаҳои илоҳиёти Носири Хусрав, аз ҷумла тавҳид, офариниши олам, шаккокӣ, таъвили Қуръон, нубувват ва имоматро мавриди таҳлил қарор додааст, масъалаҳои муаммои ҳастиро мавриди пажӯҳиши муфассал қарор додааст, таълимоти мутафаккир дар бораи аърози ҳастиро батафсил баён кардааст, ба гунаи нав моҳияти нафс ва масъалаи псиҳофизикиро шарҳ додааст, дар бофтори таҳлили муаммои ҳастӣ мақоми инсон дар силсилаи маротиби ҳастиро арзёбӣ кардааст, ташобуҳ ва тафовути назарияи маърифати Носири Хусрав ва Ибни Синоро баррасӣ карда, таҳлили қиёсии таълимоти ахлоқии Носири Хусрав ва Абубакри Розиро пешниҳод намудааст, хирадгароии фалсафии мутафаккир дар шеърро бозтоб карда, ҷойгоҳи ахлоқии суханро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ӯ муаллифи китобу мақолаҳои сершумори илмӣ роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафаи тоҷик буда, пажӯҳишҳои бунёдии ӯ дар мавзӯъи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахруддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насриддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон арзиши вежа доранд. Ба қалами Нозир Арабзода беш аз 30 мақолаи илмӣ дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» (Душанбе, 1978—1988) тааллуқ доранд, ки ба шарҳи мафҳуму масъалаҳои гуногуни фалсафӣ ихтисос доранд. Саҳми Нозир Арабзода дар таълифи китобҳои дарсии фалсафӣ низ қобили мулоҳиза аст. Аз ин қабил осор, ки ӯ дар ҳамкорӣ бо донишмандони тоҷик офаридааст, метавон «Очеркҳои таърихи фалсафа»(Душанбе, 1982) ва"Фалсафа"-ро зикр намуд. Ғайр аз навиштани мақолаю рисолаҳои илмӣ, ӯ дар таълиф, таҳрир ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим саҳм гузошта, муаллифи барномаҳои дарси фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик мебошад.

Нозир Арабзода 5 марти соли 2004 дар Душанбе чашм ба дунё пӯшид.

  • Этические взгляды Саади. Душанбе, «Дониш», 1968. 129 с.
  • Фахриддин Рози (краткий анализ философской концепции). Душанбе, «Дониш», 1980. 67 с.
  • Очеркҳои таърихи фалсафа. Душанбе, «Дониш», 1982.
  • Фахруддини Розӣ. Душанбе, «Ирфон», 1993. 88 с.
  • Носири Хусрав. Тадқиқи назариёти фалсафӣ. Душанбе, «Маориф», 1994. 176 с.
  • Ҳикмати амалии Саъдӣ. Душанбе, «Нодир», 2002. 133 с.
  • Ҷаҳони андешаи Носири Хусрав. Душанбе, «Нодир», 2003. 259 с.
  • Мир идей и размышлений Носира Хусрава. Душанбе, «Нодир», 2003. 264 с.
  • جهان اندیشه ناصر خسرو، تهران، انتشارات آرون، 1398. 291 ص.