Номзад ба вакилӣ
Номзад ба вакилӣ — шаҳрванди мамлакат, ки ба синни муайян расидааст, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, бо тартиби муайяншуда барои интихоб кардан ба мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод шудааст ва аз тарафи комиссияи интихоботии дахлдор аз қайд гузаронида шудааст (омили охирин ҳалкунанда аст, чунки шахсе, ки аз қайди комиссия нагузаштааст, номзад шуморида намешавад).
Номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон
[вироиш | вироиши манбаъ]Номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон шахсе шуда метавонад, ки дар рӯзи интихобот синнаш ба 25 расида, ҳадди ақал панҷ соли охир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби маълумоти олӣ бошад. Номзад ба вакилӣ дорои чандин ҳуқуқу имтиёзҳо мебошад, ки онҳоро дар мисоли интихоботи Маҷлиси Намояндагон нишон медиҳем:
- 1. Номзад ба вакилӣ аз рӯзи бақайдгирӣ то рӯзи расман эълон шудани натиҷаи интихобот аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат озод мегардад.
- 2. Дар вақти гузаронидани интихобот номзади бақайдгирифташударо бо ташаббуси маъмурият (корфармо) аз кор, вазифа озод кардан, бе розигии ӯ ба кори дигар гузаронидан мумкин нест.
- 3. Номзад ба вакилро бе розигии Комиссияи марказии интихобот мавриди ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҳабс ё ҷазои маъмурӣ, ки аз тарафи суд таъйин карда мешавад, қарор додан мумкин
нест, ба истиснои дастгир шудани ӯ ҳангоми содир намудани ҷиноят.
- 4. Номзад ба вакилӣ аз лаҳзаи бақайдгирӣ дар маъракаи интихобот дар асосҳои баробар иштирок мекунад, дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ метавонад иштирок намояд, ба истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион ҳуқуқи баробар дорад.
- 5. Номзад ба вакилӣ метавонад то 5 нафар шахсони боэътимод ва ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, то 15 нафар шахсони боэътимод дошта бошанд.
- 6. Мақоми ҳизби сиёсӣ, ки номзад пешбарӣ кардааст, ҳуқуқ дорад ҳар вақт пеш аз интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад бекор кунад. Ин номзадро комиссияи ҳавзавии интихобот аз номзадӣ маҳрум месозад. Номзад ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихоботӣ ариза дода, ҳар вақт то интихобот номзадии худро пас гирифта метавонад.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе:ЭР-граф, 2009. - С. 350-351