Jump to content

Нулификатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нулификатсия — эътироф накардан ва бекор кардани санади ҳуқуқӣ, маҳрум кардани қувваи ҳуқуқии ин ё он санад. Метавонад мутлақ ё қисман ё бо ягон шарт иҷрошаванда бошад. Баъди эътироф накардан чунин санад татбиқ карда намешавад. Вақте ки мақомоти назорати конститутсионӣ эътироф мекунад, ки ин ё он санади ҳокимияти қонунгузорӣ ё иҷроия ба Конститутсия мувофик нест, дар ин ҳолат дар хусуси нулификатсия сухан меравад (ниг. ба Назорати конститутсионӣ). Дар ҳуқуқи конститутсионӣ дар зери ин мафҳум ҳуқуқи барои худ эътироф накардани санадҳои мақомоти болоӣ низ фаҳмида мешавад. Масалан, дар давлатҳои иттифоқии мураккаб (конфедеративӣ) аъзо дар бораи дар марзи онҳо амал кардани санадҳои мақомоти конфедеративӣ ба қарор меоянд, вале метавонанд ин санадҳоро барои худ ҳатмӣ эътироф накунанд. Нулификатсия дар ҳуқуқи гражданӣ ягон санади қонуниро беэътибор донистан аст. Масалан, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани қисми якуми Кодекси гражданӣ» аз 30 июни соли 1999, No 802 аз якуми январи соли 2000 Қонуни ҶТ аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шуд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Назорати конститутсионӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 356