Нуралӣ Шерматов
Таърихи таваллуд | 30 август 1964 (60 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | найнавоз, оҳангсоз |
Ҷоизаҳо |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2022) |
Нуралӣ Шерматов (Шерматов Нуралӣ Табарович; зод. 30 августи 1964, деҳаи Хучархӣ, ноҳияи Данғара) — найнавоз, омӯзгори мусиқӣ ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2022).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нуралӣ Шерматов 30 августи соли 1964 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Баъд аз хатми синфи 8 бо роҳнамоии падар ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил шуд[1].
Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро соли 1990 ба итмом расонда, дар ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба сифати мутриб фаъолият дорад. Аз беҳтарин навозандаи най маҳсуб меёбад. Ин асбоби миллии мусиқиамонро, ки ҳаҷман хурду дорои овози пурқувват аст, устодона менавозад. Нафаси гармаш овози маҳинеро тавлид месозад ва он воситаи ғамзудою ҷонфизо ва ифшогари қалби ҳассоси инсонӣ мегардад. Ба садои найаш дар Белгияю Олмон, Фаронсаю Сербия, Эрону Қатар, Ҳиндустону Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, қариб ҳамаи ҷамоҳири ИДМ аз зарби эҳсос сомеъон каф кӯфтаанд. Аз қабили «Дарё», «Наврӯзи ман», «Тоҷикистон» оҳангҳо низ офаридааст.
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нозукиҳои найнавозиро ба шогирдон ёд медиҳад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Найрез. — Д.: «Адабиёти бачагона», 2013. —104 с[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Нуралӣ Шерматов бо садои най гурезаҳои тоҷикро ба ватан баргардонда буд. YOUR (14 Январ 2022). 21 феврали 2024 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод. Нолаи най. Бонувони Тоҷикистон (25 августи 2022).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.