Нусрат Ашӯров
Нусрат Ашӯров | |
Таърихи таваллуд | 13 октябр 1941 (83 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Кавшдӯзон, ноҳияи Ҳисор |
Фазои илмӣ | олим |
Нусрат Ашӯров (13 октябри 1941, деҳаи Кавшдӯзон, ноҳияи Ҳисор), олим, коршиноси фаъолияти бонкӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нусрат Ашӯров фаъолияти кориашро дар УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)) ба сифати ассистенти кафедраи «Молия ва қарз» оғоз намудааст. Дар вазифаҳои раиси Бонки сохтмонии вилояти Кӯлоб (1974-1978), муаллими калони кафедраи «Муомилоти пул ва қарз» (1978-1980), дотсенти факултаи иқтисодии Донишгоҳи ҶИА ш.Кобул (1981-1984), дотсенти кафедраи «Молия ва қарз» УДТ(Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1984-1988), мудири кафедраи «Муомилоти пул ва қарз» (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1989-1995), мудири Идораи татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (1995-2000), мушовири Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (2001-2003), дотсенти кафедраи «Фаъолияти бонкӣ», Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон (2008-2009) кор кардааст. Баъд аз ба даст овардани истиқлоли ҶТ дар мамлакатҳои Туркия, Италия, Австрия, ИМА (ш. Вашингтон), Тайланд курсҳои такмили ихтисоси аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ташкилкардаро гузаштааст. Айни ҳол ба сифати дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда истодааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муомилоти пулӣ, қарз ва бонк», Китоби дарсӣ. - Душанбе, 2002;
- Управление банковскими рисками, Китоби дарсӣ. - Душанбе, 2004;
- Денежно-кредитная политика Республики Таджикистан в переходном периоде, Китоби дарсӣ. - Душанбе, 2004;
- Муомилоти пул ва қарз, Китоби дарсӣ. - Душанбе, 2006;
- Пул. Қарз. Бонк, Китоби дарсӣ. - Душанбе, 2011;.
- Идора кардани хатари бонкӣ, Дастури таълимӣ - Душанбе, 2011.[1]
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 151
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |