Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Нуъмон Розиқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуъмон Розиқ
Таърихи таваллуд 9 майи 1927(1927-05-09)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 апрели 1982(1982-04-02) (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ (табаият)
Навъи фаъолият шоир, нависанда
Ҷоизаҳо
Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin"

Нуъмон Розиқ (9 майи 1927, Симиганҷ, ноҳияи Ваҳдат2 апрели 1982, Симиганҷ, НТҶ) — шоир ва нависандаи шӯравии тоҷик[1], узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС (1973)[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуъмон Розиқ 9 майи соли 1927 деҳаи Симиганҷи ноҳияи Янгибозор дар хонадони деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1942 хатм кард. Соли 1958 таҳсили Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст[3].

Солҳои зиёд муаллим, котиби ташкилоти ҳизбӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод, раиси колхози «Ленинград»-и ноҳия буд. Аз соли 1971 муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна»-ро ба дӯш дошт. Директори Хонаи истироҳати АИ ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1976 раиси Иттифоқи касабаи ноҳияи Орҷонкидзеобод ва аз соли 1978 раиси деҳшӯрои Симиганҷ буд[4].

Аз соли 1973 узви ИН ИҶШС ва Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 7) буд[1].

Дар солҳои донишҷӯӣ ба шеъргӯӣ сар кард. Асосан барои кӯдакон шеър мегуфт. Китобҳои зеринаш дар солҳои гуногун «Телефони гунҷишк» (1968), «Гулмоҳӣ» (1971), «Бузғолача» (1974); «Лона» (1977), «Чароғҳои гуногун» (1977), «Гулистон» (1981) чоп шудаанд.

Ду китоби ӯ бо номҳои «Одуванчик» (1975), «У меня много друзей» (1981) бо забони русӣ ба табъ расидаанд. Бархе шеърҳои шоири рус Аким Яковро ба тоҷикӣ гардондааст[1]. Ашъораш ба забонҳои русӣ, укройнӣ, литвонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд[2].

Медалу ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»[1] ва Грамотаҳои Пре­зидиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст[2].

Нуъмон Розиқ 2 апрели соли 1982 бар асари бемории қанд ва дилу рагҳо дар синни 55-солагӣ даргузашт.

  • Розиқов, Н. Файзи баҳор: Шеърҳо. — Д.: Ирфон, 1977. — 80 с.
  • Розиқ, Н. Лона: Шеърҳо. — Д.: Маориф, 1977. — 40 с.
  • Розиқ, Н. Гулбоғ: Маҷмӯаи шеърҳо. — Д.: Маориф, 1980. — 80 с.
  • Розиқ, Н. Гулбоғ: Шеъру суруд тезгӯяку чистон, қиссаву достон барои бачагони синни хурди мактабӣ. — Д.: Маориф, 1980. — 80 с.
  • Розиқ, Н. Гулбоғ: Маҷмӯаи шеърҳо. — Д.: Маориф,1981. — 80 с.
  • Розиқ, Н. Овоза: Шеърҳои ҳаҷвӣ. — Д.: Ирфон, 1983. — 48 с.
  • Розиқ, Н. Симиганҷ: Шеърҳо, тарҷумаҳо ва ҳикояву афсонаҳо. — Д.: Маориф, 1984. — 93 с.
  • Розиқ, Н. Чил чашма дар Чилчинор: Шеърҳо; Қиссаҳо; Тарҷумаҳо; Ҳикояҳо. — Д.: Адиб, 1989. — 176 с.
  1. 1 2 3 4 Нӯъмон Розиқ / Р. Тошматов // Калим — Работ. Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). ISBN 5-89870-001-3.
  2. 1 2 3 Нӯъмон Розиқ // Муҳит — Плеханов. Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
  3. Розиқ Нӯъмон. ИНТ.
  4. Ошноӣ бо Нўъмон Розиқ, адиби барӯманди кӯдак дар Тоҷикистон. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (16 феврали 2017).