Jump to content

Нӯъмон Неъматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нӯъмон Неъматов
Нӯъмон Неъматов
Таърихи таваллуд 5 март 1927(1927-03-05)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 14 феврал 2011(2011-02-14) (83 сол)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров
Роҳбари илмӣ Artemy Artsikhovsky[d]
Ҷоизаҳо ордени «Дӯстӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1987)

Нӯъмон Неъматов – олим, доктори илми таърих (1969), профессор (1972). Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1994), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1987).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нӯъмон Неъматов Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм намудааст (1948), ихтисос-«бостоншиносӣ. Таҳсил дар аспирантураи ш.Ленинград (1948-1953), шогирди А.Ю.Якубовский. Корманди калони илмии сектори археологияи Пажуҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953-1971), Сардори гурӯҳи бостоншиносӣи шимоли Тоҷикистон (аз с.1954), сардори экспедитсияи комплексии бостоншиносӣи шимоли Тоҷикистон (аз с.1974), Мудири шуъбаи таърихи фарҳанг ва санъат (1971-1999), сарходими илмии (1991-2011) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон. Роҳбари экспедитсияи комплексии бостоншиносии Тоҷикистони Шимолӣ (1971-2011). Директори Мамнунгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-1993). Роҳбари Маркази илмии таҳқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1996-2011).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тадқиқоти Нӯъмон Неъматов ба масъалаҳои археологияи бостон ва асрҳои миёнаи сарзамини Тоҷикистон, таърих ва таърихи маданияти халқи тоҷик ва Осиёи Маркази бахшида шудаанд. Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати бостонии Уструшана буда, Таҳти рохбарии ӯ хафриёти димнаи пойтаҳти ин давлат - шаҳри Бунҷикат (Шаҳристони имрӯза), ёдгориҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Уструшана ошкор карда шудаанд. Дар ин мавзеъ осори санъати меъмори, наққоши, аз ҷумла шҳасарҳои маданияти оламшумул кашф шудаанд. Хидмати академик Неъматов дар омухтани археологияи Хуҷанди бостонӣ хеле бузург аст. Таърихи 2500-солагии шаҳри бостонии Хуҷандро исбот кардааст. Дар асоси омузиши сарчашмаҳои хатти ва маълумоти археологи бисёр масъалаҳои таърихи сиёси ва иқтисодию иҶТимоии Осиёи Маркази, аз ҷумла Хуҷанду Уструшанаро халлу фасл намудааст. Муҳаққиқи варзидаи таъриху тамаддуни давлати мутамарказ ва баландмақоми Сомониён, проблемаҳои этногенези халқи тоҷик мебошад.

Нӯъмон Неъматов яке аз муаллифони асари сеҷилдаи (иборат аз панҷ китоб) «Таърихи халқи тоҷик», китоби дарсии «Таърихи ҶШС Тоҷикистон» (Маскав, 1963) мебошад. Ба шарофати комёбиҳои илмии худ на факат дар Тоҷикистон, балки берун аз он тоҷикон ва таърихи бойи онҳоро муаррифӣ мекунад. Муаллифи беш аз 720 китобу мақолаҳои илмию таргиботист. Иштироккунандаи 148 конфронсу кунгураҳои байналхалқӣ ва минтакавӣ, аз ҷумла ҳамоиши байналхалқӣ оид ба археология ва маданияти Кушон (Душанбе,1968); конгресси VIII байналхалқии илмҳои таърих (Маскав, 1970); конфронси илмии байналхалқи таҳти унвони «ал-Форобӣ ва тамаддуни дунё» (Маскав,1975); конфронси атиқашиносони «Эйрена» (Ереван, 1976); конгресси даҳуми байналхалқии антропологхо ва этнологхо (Дехли, 1978); конфронси байналхалқии «1000-солагии Абӯали ибни Сино» (Олмон, Халле, 1980); ҳамоиши ИМА-ИҶШС оид ба археологияи Шарқи Наздик, Осиёи Миёна ва Ҳиндустон (Кембриҷ, 1981; Вашингтон, 1982); ҳамоиши дуюми шуравию фаронсавии «Археологияи Осиёи Марказӣ» (Париж, 1985); семинари байналхалқии ЮНЕСКО доир ба Роҳи бузурги абрешим (Тошканд, 1993); семинари байналхалқии «Константинопол-маркази дини исавӣ-насронӣ, Рим-маркази дини католикӣ, Маскав-маркази православянҳои рус» (Рим, 2004). Неъматов яке аз ташаббускорони таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён буда, дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Нӯъмон Неъматов муаллиф ва муҳаррири нахустин китоби дарсӣ барои мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо номи «Таърихи халқи тоҷик», китоби якум: «Аз инсони окил то тоҷики баркамол» (Душанбе, 2003) мебошад, ки бо таҷдиди назар ва тибқи талаботи меъёрҳои давлатии маълумоти олӣ ва илмӣ муосир навишта шудааст.

  • Уструшана в древности и раннем средневековье. - Тр. АН Тадж.ССР. Т.55. -Сталинабад, 1957;
  • Средневековый Шахристан (Материальная культура Уструшаны, в. 1). - Д., 1966 ( в соавт.);
  • Кашфиёти Панчакенти бостона. - Д., 1972;
  • Уртакурган и Термизактеппа (материальная культура Уструшаны). - Д., 1973 (в соавт.);
  • Государство Саманидов (Мавераннахр и Хорасан в 1Х-Х вв.). - Д., 1977;
  • Абу Махмуд Худжанди. - Д., 1989 (в соавт.);
  • Давлати Сомониён. - Д., 1989;
  • О концепции и хронологии этногенеза таджикского народа проблемы этногенеза и этнич.ист. народов Ср.Азии и Казахстана. -М.,1990;
  • Таджикский феномен: история и теория. -Д.,1997;
  • Из истории Ленинабадской области: метропольный Согд, геополитика, люди и воспоминания. -Худжанд, 2000 (в соавт.);
  • Академик Мухаммад Асимов (Осими) - выдающийся учёный, общественный деятель, гуманист. -Худжанд, 2000 (в соавт.);
  • Давлати тоҷикбунёди Сомониён. - Д., 1999;
  • Исмоили Сомонӣ: Тавсифи таърихию маънавии шахсият. - Хуҷанд, 2001;
  • Крупный учёный-историк, педагог, библиограф, археограф и патриот Абдусамад Кадыров. - Худжанд, 2002 (в соавт.);
  • Концепция истории дипломатии таджикского народа. - Худжанд, 2004;
  • Прародина ориев. - Душанбе, 2005;
  • Арйана и Арйанаведжа. - Худжанд: Ношир, 2006 (в соавт.).[1]
  • == Адабиёт дар бораи Н. Неъматов==
  • Негматов Нумон Негматович. - Душанбе, 1987;
  • Н.Н.Негматов. - Душанбе,1998;
  • С.А.Абдуллоев, А.Кадыров. Академик Н.Н.Негматов - выдающийся таджикский учёный гуманитарий и аналитик. - Худжанд, 1998;
  • Б.Икромов. Шамъи дар нимашаб фурӯзон гашта. - Хуҷанд, 2001;
  • Х.Пирумшоев. «Таджикский феномен» академика Нумана Негматова. - Худжанд, 2001;
  • М.Хочаев. Диле пур аз меҳри илм. - Хуҷанд, 2002;
  • М.Мирраҳим. «Ватани ман дар кучост?». Гуфтугу бо Нӯъмон Неъматов. - Душанбе, 2003.
  • ордени «Дӯстӣ»,
  • медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1987).[2]

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.

Даргузашти таърихнигори тоҷик Нӯъмон Неъматов