Jump to content

Нӯъмон Қосимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нӯъмон Қосимов
Нӯъмон Қосимов
Таърихи таваллуд 1 сентябр 1933(1933-09-01)
Зодгоҳ Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 5 август 2009(2009-08-05) (75 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко


Нӯъмон Қосимов (тав. 01.09.1933, ш. Ӯротеппа – ваф. 5.08.2009, ш. Душанбе), муаррих, номзади илмҳои таърих (1970), дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1955–1959 донишҷӯи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко, 1959–1961 ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1961–1964 аспиранти Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1964–1981 ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии институти мазкур, 1981–1992 дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС ва таърихи ватани Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев, 1993–2001 мудири кафедраи таърихи ватан – давраи қадим, асрҳои миёна, 2001–2009 дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи 3 асар ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Оид ба аҳамияти прогрессивии ташкилёбии деҳаҳои руснишин дар уезди Хуҷанд, аҳамияти прогрессивии ташкилёбии қисмҳои низомии Рус дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа корҳои илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз карда шудааст.

  • Аҳамияти прогрессивии ташкилёбии деҳоти руснишин дар уезди Хуҷанд, Д., 1968;
  • Аҳамияти прогрессивии ташкилёбии қисмҳои низомии Рус дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа, Д., 1975;
  • Абӯбакр Муҳаммад бинни Ҷаъфар Наршахӣ. «Таърихи Бухоро» (тарҷума), Д., 1979;
  • Ҳудуд-ул-олам (тарҷума), Д., 1981.