Обанбори Норак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Дарёи Вахш
Обанбори Норак

Обанбори Норак - дар дарёи Вахш, назди шаҳри Норак, вилояти Хатлон ҷойгир аст. Обанбори Норак барои таъмини Нерӯгоҳи барқии обии Норак бо об сохта шудааст.

  • Обанбори Норак чунин параметрҳо(сатҳу ҳаҷм)-ро дорост:
  • дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
  • чуқурии миёна - 107 м
  • фаррохӣ - 5км
  • ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3
  • ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;
  • баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
  • сатҳи максималии об – 910 м;
  • сатҳи минималии об - 857м;

То 1 январи соли 2010 Нерӯгоҳи барқии обии Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерўи барқ истеҳсол кардааст.


Обанбори Норак бо шабакаҳои НБО Норак пайваст аст. Обанбори Норак дар солҳои 70 - уми асри XX бо об пур карда шудааст. Оби обанбори Норак на танҳо барои истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин ба воситаи нақбҳои махсус (нақби Данғара дарозиаш 14 км.) барои обёрии заминҳои корам истифода бурда мешавад.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]